​Нишасти матбуотии ректори донишгоҳ бо намояндагони васоити ахбори омма

Дар заминаи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729, Нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2019 “Дар бораи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019” санаи 17-уми июли соли 2019, соати 11:00 дар толори хурди раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” нишасти матбуотии ректори донишгоҳ бо иштироки беш аз 30 нафар намояндагони воситаҳои ахбори умуми ватанӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ҳузур дошт. Инчунин, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд.

Нишасти матбуотиро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ҳусни оғоз бахшида, аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи илм ва маориф ёдовар шуд.

Баъдан аз ҷониби журналистон даъват ба амал оварда шуд, ки аз сабаби дастрас будани “Паёми иттилоотӣ”, самаранок истифода намудани вақт ва имконияти бештар пайдо намудан ба саволу посух нишасти мазкур бевосита аз қисмати саволу ҷавоб ва дархосту пешниҳодҳо оғоз карда шавад. Дар натиҷаи дархост ва ризоияти якдилонаи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ аз қисмати саволу ҷавоб оғоз гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори оммма, аз ҷумлаи “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская Правда”, Азия+, “Тирози ҷаҳон”, “Маънавият”, телевизионҳои “Азия”, “Танин”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва дигарон ширкат варзида, доир ба нақшаҳои дурнамои фаъолият, масоили густариши равобити донишгоҳ бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо кор таъмин намудани хатмкунандагон (буҷавӣ ва шартномавӣ), ҳиссаи таърихшиносони донишгоҳ дар таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ, таваҷҷуҳ ба такмили ихтисоси омӯзгорон, шароити зисту зиндагонии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хобгоҳҳо, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таҳсилоти фосилавӣ, ҳавасмандии моддиву маънавии донишҷӯёни аълохон, хориҷӣ ва ғолибони олимпиадаву озмунҳо, имтиёз ба донишҷӯёни фаъол, дастрасии ҷомеаи меҳнатӣ ба интернет, дастовардҳои варзишӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ,мутобиқгардонии ихтисосҳо ба низоми бозаргонӣ, илм ва инноватсия, тадбирҳои амалигардида бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, анҷоми корҳои пешгирикунандаи донишгоҳ доир ба ҳолатҳои коррупсионӣ, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ ва амсоли инҳо муроҷиат намуданд.

Роҳбарияти донишгоҳ ба суолҳои зикргардидаи журналистон чунин посух дод:

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар нимсолаи якуми соли 2019 дар таҳкими сиёсати маорифпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои қарорҳо ва Барномаҳои дурамали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба талабот ва меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани раванди таълим, тақвият додани технологияҳои муосир дар ҷараёни таҳсил, рушди илм ва инноватсия, тарбияи ахлоқиву маърифатӣ ва густариши равобит бо муассисаҳои олии кишварҳои дуру наздик корҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Дар раванди таълим – донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшудаи шаклҳои таҳсилро пурра татбиқ намуда, доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон, ва ба ин восита, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои зарурӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷои кор ҳозир шудани хатмкунандагон диққати махсус медиҳад.

Дар соли 2019 теъдоди хатмкардагони шуъбаи рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ 4 150 нафарро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ҳимояи корҳои дипломӣ, рисолаи хатм дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифт, ки дар шуъбаи рӯзона 462 нафар (24,61%) бо баҳои аъло, 393 нафар (20,94%) бо баҳои хуб,365 нафар (19,45%) бо баҳои хубу аъло, 409 нафар (21,79%) бо баҳоҳои омехта, 201 нафар (10,71%) бо баҳои қаноатбахш, 1 нафар (0,053%) бо баҳои бад ба анҷом расониданд, ки аз ин теъдод 7 нафар ба аттестатсияи давлатӣ ҳозир нашуданд. Дар соли равон 178 нафар (9,5%) тибқи квотаи Президентӣ ва 154 нафар (8,2%) бо дипломи аъло донишгоҳро хатм намуданд.

Дар шуъбаи ғоибона бошад 174 (7,9%) нафар бо баҳои аъло, 314 нафар (14,2%) бо баҳои хубу аъло, 522 нафар (24%) бо баҳои хуб, 797 нафар (36,2%) бо баҳоҳои омехта, 393 нафар (18%) бо баҳои қаноатбахш, 1 нафар (0,04%) бо баҳои бад аттестатсияи давлатии хатмро супориданд ва 42 нафар ҳозир нашуданд.

Дар давоми соли таҳсили 2018 - 2019 донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона вағоибона таҷрибаи омӯзгории худро дар мактабҳои миёнаи умумӣ, кӯдакистон ва гимназияҳо ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 1294 донишҷӯ (113 зергурӯҳ) ва дар шуъбаи ғоибона 638 донишҷӯ (57 зергурӯҳ) ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд, ки ҳамаи онҳо бомуваффақият ҷамъбаст намуданд. Ҳоло донишгоҳ бо 47 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, летсею гимназияҳо шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шартномаи муштарак ба имзо расонидааст. Баҳри дар амал татбиқ намуди Паёми Пешвои муаззами миллат барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ бо амалия санаи 21.06.2019 донишҷӯёни курси 3–юми ихтисосҳои “экология” ва “агроэкология” ба хатсайри Хуҷанд – Шаҳристон – Душанбе – Кӯлоб – Дашти Ҷум – Хуҷанд равона гардиданд.

Соли 2018 - 742 нафар ихтисосҳои омӯзгориро хатм намуданд, ки аз онҳо 7 нафар бо сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.Дар натиҷа, аризаи даъвогӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол гардиданд. Аз теъдоди умумии ҳафтнафараи ҳозирнашуда: 2 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, 2 нафар маблағи таҳсилро бозпас гардониданд ва нисбати 3 нафари дигар корбарӣ бо мақомоти судӣ идома дорад.

Дар заминаи факултети педагогӣ таъсис ёфтани факултетҳои “Психология ва таҳсилоти томактабӣ”, “Таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус”ҳамчунин кафедраҳои “Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ”, “Педагогикава психологияи томактабӣ” аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар самти таълим мебошад, ки бевосита аз сиёсати ояндабинонаи Пешвои миллат сарчашма мегирад.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1 конференсияи байналмилалӣ, 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 8 конференсияивилоятӣ ва беш аз 50 конференсияи минтақавӣ ва умумидонишгоҳӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар соли 2019 докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ дар самти илм ва инноватсия фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Душанбе) 4 ҷойи намоён, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 7 ҷойи намоён ва дар Олимпиадаи байналхалқии Донишгоҳи муштараки илмҳои математикии Ҷумҳуриҳои Белорусияву Русия як ҷойи намоёнро ишғол карданд.

Сол ба сол шумораи гирандагони стипендия дар донишгоҳ афзуда истодааст. Айни ҳол 2 гирандаи стипендаи президентӣ, 36 гирандаи стипендияи Раиси вилоят, 79 аспирант, 58 магистрант ва 2273 донишҷӯ, дар маҷмӯъ, 2389 гирандаи стипендияи донишгоҳӣ ба қайд гирифта шудаанд. Тазаккур бояд дод, ки баҳри дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни болаёқат ҳар сол беш аз 5 (панҷ) миллион сомонӣ барои таъмини иштироки донишҷӯён ба олимпиадаҳо, конференсияҳо, мусобиқоти варзишӣ ва стипендияи донишгоҳӣ равона карда мешавад.

Бахшида ба эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ ташкил карда шуд, ки дар он ду гуруҳи донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои география, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат иштирок намуданд. Масалан, донишҷӯёни факултети геоэкология бо роҳбарии устодон бо хатсайри Хуҷанд-Шаҳристон-Душанбе-Норак-Кӯлоб-Ҷум-Фархор-Данғара ба экспедитсияи илмӣ-саҳроӣ ва донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ бо хатсайри Хуҷанд – Истаравшан – Айнӣ – Панҷакент - Саразм барои таҷрибаомӯзии саҳроии археологӣ сафарбар шуданд.

Мушарраф гардидани дастаи варзишгарон ба ҷойи аввал аз рӯи 7 намуди варзишӣ бо гирифтани 41 медали тилло, 19 нуқра ва 23 биринҷӣ дар Спартакиадаи донишҷӯёни вилояти Суғд, иштироки беш аз 50 донишҷӯ дар Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ ва ба даст овардани 9 медали тилло, 22 нуқра ва 14 биринҷӣ байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи дастовардҳои варзишии ҷавонони донишгоҳамон ба ҳисоб меравад.

Донишгоҳ дар маҷмӯъ бо 46 донишгоҳи хориҷи дуру наздик вамуассисаҳои илмӣ-тадқиқотии бурунмарзӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Дарнимсолаи аввали соли 2019 донишгоҳ боз 6 - шартномаҳои ҳамкориро бо донишгоҳҳои Русия ва Узбекистон ба имзо расонид, ки дарзаминаи ин шартномаҳо 2конференсия, 2 семинар ва 6вохӯриҳо гузаронидашуд. Дар нимсолаи аввали соли 2019 бо иштирокиолимони донишгоҳҳои Руминия, Латвия, Англия, Россия ва ва ғайра 4онлайнвебинар ва 2онлайнконференсия гузаронида шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 ҷиҳати мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, беҳтар намудани шароити мусоиди корӣ ва таҳсил ба кормандон, омӯзгорону донишҷӯён, дастгирии моддиву маънавии онҳо ва корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Хушбахтона дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2018 музди маоши кормандон 15% аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз соли 2019 аз ҳисоби суратҳисоби махсус20% баланд бардошта шуд, ки ин аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад.

Дар давраи мазкур ба донишгоҳ наздик 300 таҷҳизоти техникӣ ва мебелҳо аз қабили компутер, кондитсионер, гармкунак, мизу курсиҳои корӣ, ҷевон ва амсоли инҳо харидорӣ карда шуданд. Дар таъмини раванди таълим воситаҳои техникӣ: таҷҳизоти мултимедӣ дар ҳамаи аудиторияҳои таълимӣ, 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор, 356 экран барои проектор, 292 принтер, 41 серверҳо, 190 гармусарддиҳанда, 200 ноутбук ва 2 050 компутерҳо бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет мавҷуд мебошад, ки устодону донишҷӯён аз он васеъ истифода менамоянд.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар байни донишҷӯёни донишгоҳ ягон намуди ҷиноят ва бо мошинҳои сабукрав ҳозир шудани онҳо ба қайд гирифта нашудааст ва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ пешниҳод доир ба баррасӣ ё хориҷ намудани муҳассилин ворид нагардидааст. Бобати пешгирии омилҳои номатлуб ҳамкорӣ бо мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Баланд бардоштани музди маоши кормандон, иштироки роҳбарият ба дарс ва шунидани муроҷиати донишҷӯён аз пешгирии падидаҳои манфӣ дарак медиҳад. Фаъолияти Маркази тестӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо равона карда шудааст, ки аз ҷониби комиссияҳои махсус мавриди назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Қабл аз санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонот гурӯҳҳои корӣ аз раёсат ташкил карда мешавад, ки пешгирии ин ҳолатҳоро бар уҳда мегиранд.

Инчунин соли таҳсили 2019-2020 дар нақшаи дурнамо таҳияи Консепсияи рушди сифат дар донишгоҳ, истифодаи самараноки техникаи муосир дар раванди машғулиятҳои таълимӣ, татбиқ ва харидорӣ намудани Барномаҳои муосири технологӣ дар раванди таҳсилоти фосилавӣ, бештар ҷалб намудани донишҷӯёни минтақаҳои гуногун ба таҳсилоти фосилавӣ, аз акредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои мухталифи донишгоҳ, ташкили 2 Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ