​Чанд ҳарфе дар бораи терроризм

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Агар маънои луғавии экстремизм ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз андоза гузаштан бошад, терроризм ин натиҷаи охирини экстремизм ба ҳисоб меравад. Дар шароити кишвари мо роҳи дурусти бартараф кардани хатари ин тамоюлоти мудҳиш, пеш аз ҳама, бештар рӯй овардани ҷавонон ба омӯзиши илму дониш, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ақидаҳои бегона мебошад.

Дар дунёи муосир чунин ҳаракатҳои хатарнокро аз ҳисоби дигар равияҳои мухталифи ҷамъиятӣ низ ба назар мегиранд. Аниқтараш масъалаи терроризм ва экстремизм аз нигоҳи баъзе шахсиятҳо, ки ақидаҳои диниро барои ҷомеа нодуруст фаҳмонда, инчунин зидди давлату сиёсат равона мекунанд, ба назар мерасад. Дар ин масъала олими амрикоӣ Ҷорҷ Корм чунин навиштааст: “Дар дунёи имрӯза баъзе халқиятҳо дар ҳолати буҳрон гирифтор шудаанд ва ин раванд аз ҳисоби баъзе масъалаҳои динӣ ба вуҷуд омадааст”. Агар ба нуқтаи назари муҳаққиқи амрикоӣ диққати ҷиддӣ диҳем, равшан мегардад, ки баъзе кишварҳо динро ба догма табдил доданд. Яъне, дин дар ҳолати догматизм қарор ёфта, пешравӣ надорад ва ҷомеаи вобастшударо аз сатҳи зиндагии дунявӣ боз медорад. Ин аст, ки дину мазҳаб набояд шахшуда бошанд, балки фаҳмиши он бояд мутаҳаррик буда, ҳамеша дар таҳаввул ва мувофиқи талаботи замон бошад.

Имрӯз Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, дар байни давлатҳои хурду бузурги сайёра мақому манзалат дорад. Ҳар қадар таъсири равияҳои ифротиву моҷароҷӯ ба амнияти кишвар ва аҳли ҷомеа кам бошад, ҳамон андоза кишварҳои дохилу хориҷ бо давлату миллати мо робитаи дӯстӣ ва наздикӣ пайдо хоҳанд кард. Ҷавонони мо бояд ҳамеша талош бар он намоянд, ки обрӯ ва эътибори баланди миллату давлати худро дар сатҳи ҷаҳон боз ҳам боло бардоранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ