​ДДХ: Ташрифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятск

28-уми августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо Сыртцова Елена Леонидовна, директори Институти таҳсилоти бефосилаи шаҳрвандони Руссия ва хориҷӣ ва Меркулова Жанетта Николаевна, мутахассиси Идораи таҳсилоти бефосила ва фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии Вятски шаҳри Кирови Федератсияи Руссия мулоқот ташкил ва баргузор гашт. Дар мулоқот кормандони раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳо ва доираи васеи омӯзгорон ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот Абдуҳафиз Азизов, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷони Ғафуров баён дошт, ки мақсад ва ҳадаф аз ташкили чорабинӣ дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ мондани муносибатҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён мебошад. Инчунин, Сыртцова Елена Леонидовна сухан карда, ҳозиринро бо сохтор ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии Вятск шинос намуда, гуфт, ки дар ояндаи наздик барои ройгон таҳсил намудани донишҷӯён ва магистрантони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии Вятск тадбирҳои муҳими амалӣ роҳандозӣ менамоянд.

Баъдан меҳмонон аз Осорхонаи таърихӣ, Гербарий, Музеи золлогии факултети химия ва биология дидан намуда, бо дастовардҳои факултети физика ва техника ва корҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ шинос гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ