​Мақоми илмҳои ҷомеашиносӣ дар замони муосир

Дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад устодон доир ба мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат - сарвари сулҳпарвару адолатхоҳ», «Консепсияи адами зӯроварӣ дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик (асрҳои миёна)», «Фарҳанги сулҳ - дастоварди нодиртарини миллати тоҷик», «Муаммоҳо ва мушкилоти раванди инкишофу ташаккулёбии системаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон», «Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷаҳони имрӯза» баромад карда, тободули афкор намуданд.

Дар интиҳо, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдунаим Бердишукуров сухан карда, зикр дошт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таблиғи фаъолияти сиёсатмадорони номдори тоҷик мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ