​Муаллифи “методҳои рамзбандӣ” беҳтарин дониста шуд

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилооотӣ конфренсияи илмии устодон бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва рӯзи илмӣ тоҷик” бахши технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт баргузор гардид.

Дар конфренсияи апрелӣ устодон доир ба “Технологияи барориш ва нигаҳдории ахбор”, “Ҳифзи иттилоот ва намудҳои он”, Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи криптография ва методҳои рамзбандии иттилоот”, “Технологияи иттилоотӣ ва маркетинг”, “Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии корхона” маъруза намуданд.

Баъдан аз ҷониби устодон маърузаи сармуаллими кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Абдуназар Шукуров дар мавзуи “Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи криптография ва методҳои рамзбандии иттилоот” беҳтарин арзёбӣ шуда, барои чоп тавсия гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ