​Факултети геоэкология: “Нақши Паёми Пешвои миллат дар иҷрои талаботҳои Барномаи давлатии экологӣ ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаанд, санаи 8-уми феварли соли 2019 дар толори факултети геоэкология вохӯрии судманд бо намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар мавзӯи «Нақши Паёми Пешвои миллат дар иҷрои талаботҳои Барномаи давлатии экологӣ ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва баргузор карда шуд.

Вохӯриро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултет дотсент Собиров М.С. ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат аз он ҷумла, бунёди НБО-и “Роғун”, ислоҳи муаммоҳои соҳаи маориф, беҳтар намудани вазъи экологии кишвар барои ҷалби сайёҳон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳадафи нави стратегӣ-саноатикунонии иқтисодиёт ва ғайра маълумоти муфассал дод.

Баъдан, намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х.М. оид ба муҳимияти Паёми сарвари давлат дар таъмини ҳифзи муҳити зист тавассути ободӣ ва кабудизоркунии кишвар ҳарф зада таъкид дошт, ки бо ин мақсад Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019ваБарномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 қабул гардида, тадбиқ карда шуда истодааст.

Аз ҷониби донишҷӯён Ҳазратқулов А., Шарифхӯҷаев И., Файзов С. ва дигароноид ба масъалаҳои гуногуни экологӣ саволҳо дода шуда аз ҷониби намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х.М.ҷавобҳоимуффасал дода шуд.

Чорабинӣ бо супоридани тӯҳфаҳо - китоби Сурхи Тоҷикистон, маҷалаи “Ҳифзи табиат”, рӯзномаи “Инсон ва табиат” ба донишҷӯёни фаъол ва аълохон ҷамъбаст гардид. Донишҷӯён изҳор доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва омода ҳастанд, ки барои ободию сарсабзии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо кӯшишу ғайрат намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ