​Факултети геоэкология: Ояндаро бе терроризм дидан мехоҳем!

Дар факултети геоэкологияи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ояндаро бе терроризм дидан мехоҳем!” ташкил ва баргузор гардид.

Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои география, дотсент Муъминҷон Аминов ифтитоҳ бахшида, вобаста ба татбиқи сиёсати бунёдкоронаи давлату ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақина намуда, гуфт, ки ҷавонон бояд аз шароити мусоид истифода намуда, дар рушди иқтисоди мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Сипас, устоди факултет Мавзуна Ҳайдарова баромад намуда, иброз дошт, ки терроризм зуҳуроти гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусияти равиявию даҳшатангез мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чи дар минтақа ва чи дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, садди роҳи рушди суботи ҷомеаҳо мегардад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки “терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.

Бояд гуфт, ки дар мулоқот баробари баррасии масъалаҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳамчунин паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифта, перомуни дастовардҳои ҷавонони даврони Истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумотироа гардид. Аз донишҷӯён чун табақаи фаъоли ҷомеа даъват ба амал оварда шуд, ки савияи дониши худро такмил ва таҳкурсии тахассусиашонро мустаҳкам намоянд, то ин ки дар оянда ҳамчун мутахассиси кордон ба камол расида бошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ