​Изҳороти устодони кафедраи забони тоҷикӣ

Дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмон бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Чи тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд.

Яке аз ин гуна гурӯҳҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки бо истифода аз фурсати барои худ муносиб ва заъфи қувваҳои мусаллаҳ вориди арсаи сиёсии кишвар шуд. Ҳукумати ҷумҳури ҳам ба хотири гуногунандешии сиёсӣ барои фаъолияти он дар қаламрави кишвар шароитро фароҳам овард. Аммо саркардагону саркорони он бо сӯйистифода аз ин ғамхории Ҳукумат дар пайи роҳандози намудани амалҳои номатлуб ва пиёда сохтани омоли хоҷагони хориҷии худ дар ин сарзамини аҷдодӣ шуданд.

Чунонки мегӯянд «Тири каҷ чун аз камон берун шавад расво шавад», дар охир чеҳраи воқеии онҳо барои ҳамагон ошкор шуд ва ин ҳам бо рафтору кирдори худи аъзо ва ҷонибдорини ин ташкилоти тундгароиву ифротӣ. Зеро онҳо на ин ки дар давоми фаъолияти худ барои ин Ватан ва миллат ягон хизматеро анҷом надоданд, балки дар охир хостанд бо роҳи зӯрӣ ҳокимиятро сарнагун созанд ва ин сарзаминро дубора оғӯштаи хоку хун гардонанд.

Хишти ин бино, ки аз ибтидо каҷ ниҳода буд, ҳар қадар ки баландтар гардид каҷии он бештар тазоҳур намуд. Аз ҷониби аъзо ва пайравони ин ҳаракати экстремистӣ содир гардидани чандин ҷиноятҳои куштор далели равшан мебошад.

Як гурӯҳ саркардагони ин ҳизби террористӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, тавассути расонаҳои хабарӣ ба бадномсозии Ҳукумат ва намояндагони он машғул мебошанд. Онҳо асосан бо чормағзҳои пучи худ домани нафарони гумроҳо пур намуда, мафкураи онҳоро ба афкори ғаразноки худ мағшуш месозанд. То кунун қабул карда наметавонанд, ки дигар мардуми тоҷик ва умуман тоҷикистониён ба доми фиребашон нахоҳанд афтид, касе ба ҳарфашон гӯш нахоҳад дод. Бояд онҳо фаҳманд, ки дигар ҳеҷ гоҳ наметавонанд барномаҳои хоҷагони худро дар ин сарзамини муқаддас амалӣ созанд. Вақти он расидааст, ки даст аз ин аъмоли худ кашанд ва ҷойи андешидани бар сари нақшаҳои пӯсидаи худ, дар фикри зиндагии шоиста бошанд.

Мутмаин бошанд, ки дар ғарибӣ бегӯру бекафан дар ҳасрати рӯзи саид ва зиндагии инсонвор ин ҷаҳонро барои ҳамешагӣ падруд хоҳанд гуфт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ