​Конференсияи ҷумҳуриявӣ: “Муаммо ва дурнамои ташакули салоҳияти касбӣ-педагогии омӯзгори оянда”

Имрӯз 24-уми май, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммо ва дурнамои ташаккули салоҳияти касбӣ-педагогии омӯзгори оянда” бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар конфронс устодони Донишгоҳи (Славянии) Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишкадаи политехникии Донишггоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ғайра ширкат варзиданд.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, Тоҷибой Султонзода вогузошт. Номбурда баргузории конфронсро амри муҳим ва саривақтӣ маънидод карда, зикр дошт, ки баргузории чунин конференсияҳо аз як тараф барои муттаҳид сохтани иқтидори нерӯи илмии кишвар мусоидат намояд, аз ҷониби дигар баҳри баланд бардоштани маҳорат ва малакаи фаъолияти омӯзгорӣ замина фароҳам меоварад.

Дар идомаи конфронс, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода зикр дошт, ки конференсияи илмӣ–амалии ҷумҳуриявии “Муаммо ва дурнамои ташаккули салоҳияти касбӣ-педагогии омӯзгори оянда” бо мақсади амалӣ кардани ҳадаф ва вазифаҳои ташаккули салоҳиятнокии касбӣ-педагогии омӯзгорони оянда ташкил шудааст. Дар идома, зикр гардид, ки вобаста ба ҳалли муаммо ва масъалаи фавқуззикр, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дарёфти роҳҳои нави муосири таълим, бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҷавобгӯ намудани низоми таҳсилоти миллӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ тадбирҳои судманд андешида истодааст. Татбиқи низоми ташаккули салоҳиятнокӣ ё таҳсилоти босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии ислоҳоти соҳа маҳсуб меёбад.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода тазаккур дод, ки низоми салоҳиятнокӣ имконияти азхуд намудани салоҳияту малакаҳои асосии таълимӣ, зоҳир намудани масъулият баҳри гирифтани донишҳои муҳим ва зарурӣ, қабули қарорҳои мақсаднок ва банақшагирии касбӣ, илмомузӣ дар давоми тамоми ҳаёт, тайёрии касбии дорои талабот дар бозори меҳнат, донишу малака барои худтакмилдиҳӣ, азхуд намудани малакаи тарзи бурдани ҳаёти солим, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар хонандагону донишҷӯён ташаккул хоҳад дод.

Сипас, профессор Шавкат Шаропов, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мавзӯи “Махсусияти ташаккули салоҳиятнокии омӯзгори оянда дар мактабҳои олии педагогӣ” маърӯза намуда, доир ба технологияи таълим, тарбия ва рушди фаъолияти педагогӣ, ҳамчунин, роҳу усулҳои ташаккули салоҳият, фарҳанг, санъат ва маҳорати касбии омӯзгори оянда сухан кард.

Прфессори Донишгоҳи (Славянии) Русия ва Тоҷикистон, Негматулло Сайфуллоев дар масъалаи “Ташаккули тафаккури мантиқӣ ҳамчун асоси салоҳияти касбӣ-педагогии донишҷӯён” баромад дошта, роҷеъ ба роҳу василаҳои ташаккули тафаккури мантиқии эҷодии омӯзгор ва хонанда дар асоси таҷриба ва хулосаҳои мантиқшиносон мулоҳиза намуд.

Ҳамчунин, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Мубинахон Хоҷаева сухан карда, оид ба масоили таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои олии таълимии кишвар ҳарф зад.

Дар интиҳо, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода изҳор кард, ки конференсияи мазкур бо фарогирии 60 мақолаи устодони муассисаҳои олии кишвар бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар 5 бахш ҷараён гирифта, маводи он дар шакли китоб нашр карда мешавад. Дар бахшҳо масоили “Татбиқи низоми таълими салоҳиятнокӣдар омодагии касбии омӯзгори оянда”, “Анъанаҳо ва навгониҳо дар ташаккули салоҳияти касбии омӯзгори оянда”, “Муаммоҳои таълим ва тарбияи насли наврас дар низоми таҳсилоти умумӣ”, “Назария ва методикаи таълими силсилаи фанҳои тахассусӣ” ва “Истифодаи технологияи иттилоотӣ ва имконияти тарбиявии раванди таълим дар омодагии касбии омӯзгори оянда” аз ҷониби устодони соҳибтаҷриба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ