​Машварат: Сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони “Сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар-машварат баргузор гардид.


Дар машварат намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Соима Муҳаббатова, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Дилфуза Муллобоева ва Қурбон Гиёев ширкат варзида, доир ба масоили сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шаклҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ, доираи фаъолияти касбии кори иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, доираи фанҳои омӯзиши ихтисоси кори иҷтимоӣ, рушди кори иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷанбаҳои он маърӯза ва табодули назар намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) ва Каритас Олмон дар Тоҷикистон дар доираи чорчӯбаи лоиҳаи “Таҳкими низоми тайёрии касбӣ дар соҳаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал ва ниҳодҳои қаблан таъсисёфта дар Тоҷикистон” бо мақсадишиносоиикори иҷтимоӣ ва таъсиси ихтисоси кори иҷтимоӣ ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ