​Чоҳкобӣ аз бекорист ё муғризӣ ?!

Парвардигор ба инсонҳо ақлу идрок додааст, ки онро баҳри пешбурди ҳаёти хеш истифода намоянд. Истифодаи атои худованд мебоядтанҳо бо мақсади неку пок бошад, на бо ҳасуду ғараз. Шиносоӣ бо “эҷодиёт”-ибаъзе нафарон инсони комили соҳибақлро водор мекунад, ки ҳиссиёти худро бедор намояд ва бар ивази ниятҳои пок дучори ғазаб гардад. Нафароне, ки аз зери нохун чирк мекобанд махлуқеро мемонанд, ки олудаи наҷосати хеш шудаанд. Зеро, нафаре аз тинати дигаре танҳо норасоиро кобад, бехабар мемонад, ки худ саропо аз норасоӣ таркиб ёфтааст. Хусусан, мавҷудияти ҳасуду ғараз дар ботини нафарони алоҳида намегузорад, ки ӯ ба кори хайру савоб даст занад. Ин тоифа нафарон умри худро бо омӯзиши камбудиҳои дигарон паси сар мекунанду аз худ дар ҷаҳон танҳо номи баду амали ношоистаро боқи мегузоранд.

Инъикоси хабарҳои расмию ғайрирасмии дар Агентии миллии Иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” – ро мардуми софдил чун инъикоси фаъолияти пешрави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмати мардуми меҳнатқарини ӯ қабул менамоянд. Вале, нафарони муғризу нобакор аз ин хабарҳо низ танҳо камбуди мекобанд. Мутассифона, ин нафарон, ки саводи кофии илмӣ надоранд манбаи иштибоҳ ва нофаҳмиҳо байни омма мешаванд. Зеро, дар меъёрҳои илмӣ омадааст, ки ҳузури нафари алоҳида ё гурӯҳи олимон аз мамлакатҳои дигар дар ҷамъомадҳо ин чорабиниро ба ҳайси чорабинии байналмилалӣ нисбат медиҳад.Иштироки профессори Донишгоҳи шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Саадеттин Коҷатурк дарсимпозиуми байналмилалиро нафарони нобакор ҳамчун ахбори дурӯғ ва шубҳанок маънидод мекунанд. Бехабар аз онанд, ки иштирокчиёни чорабинӣ новобаста аз ҳайату манзалати онҳо ба масъалаи муҳими рӯз – “Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат” машғуланд ва “байналмилалӣ” ё “ҷумҳуриявӣ” будани он ба мавзӯъ таъсир надорад. Мардуми равшанфикри тоҷик давоми даҳсолаҳои охир дар арсаи ҷаҳонӣ бо амали хеш бар зидди ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ сазовори эътибори хосса гардидаанд. Зеро, Тоҷикистониён бевосита бо амалҳои таҳрибкоронаи ташкилотҳои террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он рӯ ба рӯ шудаанд ва наметавонанд аз мубориза бар зидди ин нобакорон дар канор бошанд.

Дар симпозиуми байналмилалии “Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат” шахсони масъул ба ҳалли масъалаи муҳим машғул шудаву расонаи расмии ахборот “Ховар” хостааст, ки натиҷаи онро байни мардум паҳн намояд. Худи ҳамин амал саҳми ин расона баҳри пешгирии шомилшавии нафарон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Нафарони беғараз аз ин хабар бархурдор гашта метавонанд наздикони худро низ аз пайрави ба ҳаракатҳои номатлуб эмин доранд. Халқи тоҷик, кидаҳсолаҳо бо вожаи наҳзат ё худ ҳизби наҳзат ошно ҳастанд, хуб медонанд, ки мақсади наҳзати он ғасби ҳокимият ва даъвои мансаб асту ин гурӯҳи нобакорон барои расидан ба мақсади худ ба ҳама нобакорӣ тайёранд. Нафарони чирккоб низ ба монанди ин нобакорон мехоҳанд, ки ба решаи давлатдорӣ табар зананд. Бехабар аз он, ки мақоли пурҳикмати халқ мефармояд: “Чоҳкан зери чоҳ”.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ