​Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар ММТ оғоз гардид

10-уми июн марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) оғоз гардид.

Нафароне, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрели соли равон) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД, ки аз 10 то 30 июн баргузор мегардад, номнавис намоянд.

Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманд бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.

"Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд.

Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд. Инчунин довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12 то 30 июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12 то 20 июн) интихобҳои аввалияи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – аз 18 то 20 июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд»,- омадааст, дар сомонаи Марказ.

Маълумоти муфассалро аз сомонаи Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://ntc.tj) дастрас намоед.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ