​Изҳороти дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Эгамбердиева М.

Мубориза бо терроризм мақсади мардуми сайёра гардидааст ва имрӯзҳо ҳамагон, аз ҷумла мардуми шарифи тоҷик кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки домани ин падидаи хатарнок васеънагардад. Агар мақсаду нияти «наҳзатиён» низ мубориза бо терроризм бошад, илтимос аз рӯи одоби одаму одамгарӣ, бериёву бекинаву бетӯҳмат ва рӯиросту мардона бояд фаъолият намоянд.

Бинобар аз «муллову домуллову аъзоёни ҲНИ» ҳоҳиш ва дархост дорем, кичашми ақлу қалбашонро кушоянд, сиёҳкуниву тӯхмату буҳтонробас кунанд, симпозиум, анҷуман, конфронс, ҳамоиш ва ё боз ягон маърака дошта бошанд, муаммоҳои худашонро ҳаллу фасл намоянд.Агар ҲНИ низ ҳадафҳои созанда медошту фаъолияташро шаффоф ба роҳ мемонду ҷавононро раҳгум намекард шояд ба ин рӯз гирифтор намешуду аъзоёнаш дар ба дар намешуданд. Аз тангназариву кӯрдилӣ бошад, ки гоҳ зиндагиномаи бузургонро таҳлил мекунанд, гоҳ тоннаҳои тилову нукраву ангиштро мешуморанд, гоҳ фаъолияти расонаҳои хабариро дурӯғу фиреб мепиндоранд. (рост аст ё на ин казоватромардумитоҷик мекунад).

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон кулли шароит барои гузаронидани анҷуманҳои сатҳҳои гуногун фароҳам оварда шудаанд. Кохҳои бошукуҳу шаҳомат барои қабули меҳмонон омодаанд. Бинобар ин хуб мебуд даъвату баргузории анҷуманҳоро дар Тоҷикистон доир намоянду барои баъзе «ҳангомаҷӯён» объекти таҳлилу баррасӣқарор нагиранд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ