​Баргузории маросими дипломсупорӣ

Маросими супридани дипломи аъло ба хатмкунандагони соли таҳсили 2018-2019 дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гашт.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ 28 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун баргоҳи илму маърифат ва маскани таълими наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон дар пешрафту инкишофи маънавии мамлакатамон нақши мунир дорад. Ин андеша борҳо аз мулоқоту сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чандин маротиба ба донишгоҳи азизамон сурат гирифтааст, садо дода буд, ки ин худ нишонаи таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар ба кору пайкор ва хидматҳои шоистаи устодону муҳаққиқони донишгоҳамон ба шумор меравад.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба 190 нафар хатмкунандагони зинаҳои магистранту бакалавр ва мутахассиси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дипломи аълои хатм тақдим карда шуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ