​Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф: ДДХ дар мақоми сеюм

Тибқи раддабандии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни 31 муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сеюмро касб намудааст.

Хадамоти мазкур ҷиҳати муайян намудани рейтинг аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба масъалаҳои миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои КОА нашршуда, теъдоди ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ назариявӣ, монографияҳои илмии чопшуда, маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ, теъдоди омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба муассисаҳои таълимӣ даъват шудаанд, шумораи муассиса, ташкилоту идораҳо, ки ба муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ мекунанд, такмили ихтисоси омӯзгорони доимӣ ва таҷрибаомӯзиии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, шумораи компютерҳое, ки барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд ва шумораи китобҳои дарсӣ вобаста ба теъдоди донишҷӯён ва дигар самтҳо санҷиш гузаронида, ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ин мақомро лоиқ шуморидааст.

Бояд гуфт, ки дар ин раддабандӣ мақоми аввалро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мақоми дуюмро Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовор гардидаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ