​Қадрдонии устодони донишгоҳ бо мукофотҳои фахрии давлатӣ

Дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор устодони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо мукофотҳои давлатӣ қадр гаштанд.

Аз ҷумла, профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, Абдусаттор Абдуқодиров бо ордени “Шараф” дараҷаи 2, директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ, профессор Умеда Ғаффорова, бо медали “Хизмати шоиста”, профессори кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо, Малоҳат Бобоҷонова бо медали “Хизмати шоиста”, профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актиёрӣ, Умар Алиев бо медали “Хизмати шоиста” ва директори Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Кенҷазода Манучеҳра Солеҳ бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонсарфароз гардонида шуданд.

Марвид ба таъкид аст, ки давр даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 40 устодону кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ