​Ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорон баргузор гашт

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки доираи васеи ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гашт. Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ифтитоҳ бахшида, зимни суханронӣ зикр намуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳанати дохилию хориҷӣ нақши бориз доранд.

Дар Шӯро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба масоили «Ҷараёни татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар муассисаи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» баромад намуд.

Ректори донишгоҳ баён дошт, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи давлатӣ дар панҷ соли охир бо мақсади дар сатҳи байналмилалӣ омода намудани кадрҳои тахассусманд бо фарогирии забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили ихтисос дар кишварҳои хориҷӣ, густариши сатҳу сифати забондонии донишҷӯён, таҳияи адабиёти илмиву таълимӣ, модулҳо ва лоиҳаҳо, ташкили чорабиниҳо ҷиҳати таблиғи омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, истифодаи босамари технологияҳои инноватсионии муосир ва амсоли ин тадбирҳои муҳиму ҳадафманд ба роҳ монда шуданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши муҳассилин дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ истифодаи босамари васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим донишгоҳ дорои 40 лабораторияи компутерии ба шабакаи интернет пайваст, 5 кабинети лингофонӣ, 1 китобхонаи электронӣ ва парки технологӣ буда, дар самти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо 2300 компутер, 232 принтер, 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор таъмин мебошад. Бо мақсади тайёр намудани мутахассисон ва кадрҳои педагогии забони русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ 3 доктори илм, 43 номзади илм, 39 сармуаллим ва 48 нафар муаллим фаъолият доранд.

Сухан рафт, ки дар донишгоҳ раванди таълими ихтисосҳои забони русӣ ва англисӣ дар факулететҳои филологияи рус, забонҳои хориҷӣ, забонҳои шарқ, педагогӣ ба роҳ монда шуда, дар факултетҳои мазкур 3227 донишҷӯ ба тадрис фаро гирифта шудаанд. Қабули магистрантон аз рӯи ихтисоси “Забони хориҷӣ (забони англисӣ)” ва “Забон ва адабиёти рус” ба роҳ монда шуда, айни ҳол 82 магистрант аз рӯи ихтисосҳои номбурда фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини адабиёти таълимӣ, бахусус, барои тадриси мунтазами забонҳои русиву англисӣ дар панҷ соли охир 6китоби дарсӣ, 423 мақолаи илмӣ, 44 дастури таълимӣ-методӣ, 11 монография, 4 маҷмӯаи дастаҷамъии илмии устодони донишгоҳ ба нашр расидаанд.

Роҳбари донишгоҳ дар фароварди гузориш гуфт, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои тадриси босифат ва самараноки забонҳои русӣ ва англисӣ таҳия ва нашри бештари маводи таълимӣ ва таълимии инноватсионӣ, нашри асарҳои насрии адибони муосир ва классикии тоҷик бо забонҳои русӣ ва англисӣ, курсҳои такмили ихтисоси онлайнӣ дар донишгоҳҳоикишварҳои хориҷӣ, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои махсус барои таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар факултетҳои донишгоҳ, ташкили семинарҳои машваратӣ ва конференсияҳо доир ба усулҳои нави таълимро ба нақша гирифтааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ