​Табодули афкор доир ба раванд, тартиб ва аҳамияти таҷрибаомӯзӣ

Масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии омӯзгорӣ ба ташаккули қобилият, бедор намудани шавқу завқу масъулият ва меҳру муҳаббат нисбати касби омӯзгорӣ дар замири донишҷӯён нақши мунир мегузорад.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зери партави сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон ва ба талаботи бозори умумиҷаҳонии меҳнат рақобатпазир будани онҳо тадбирҳои муҳими амалиро ба роҳ мондааст.

Бо назардошти масъалаи мазкур дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус конфронси ифтитоҳии таҷрибаомӯзон бо ширкати устодон ва доираи васеи донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он оид ба раванд, тартибот ва аҳамияти таҷрибаомӯзӣ табодули афкор сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки таҷрибаи омӯзгорӣ яке аз қисмҳои асосии раванди таълим ба ҳисоб рафта, робитаи назариявии омӯзгорони ояндаро бо фаъолияти амалии онҳо дар муасссисаҳои таълимӣ ба амал татбиқ менамояд ва донишҷӯёнро ба мустақилона корбарӣ намудан омода сохта, дар системаи тайёрии касбии омӯзгорон нақши асосӣ мебозад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ