​Ноҳияи Б. Ғафуров: Устодони донишгоҳ бо хатмкунандагон табодули афкор намуданд

Бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2020-2021 устодони кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги факултети молия ва иқтисодиёти бозор ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар гаштанд.

Устодон бо хатмкунандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии №48 ҷамоати Ёваи ноҳияи фавқуззикр доир ба таърих, факултетҳо, кафедраҳо, ихтисосҳои амалкунанда, миқдори устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2019-2020 дар 18 факултет ва 79 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ), аз рӯи 77 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолияти таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар идома, байни устодону хатмкунандагон оид ба масоили интихоби ихтисос ва ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ дар макотиби олӣ табодули андеша сурат гирифт.

Хотирнишон менамоем, ки соли таҳсили ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар натиҷаи таҷзия гардидани факултети педагогӣ, факултетҳои “Психология ва таҳсилоти томактабӣ” ва “Таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус” ба вуҷуд омад. Дар ин замина, кафедраҳои “Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ” ва “Педагогикава психологияи томактабӣ” ихтисос дода шудааст.

Инчунин, бо назардошти талабот 10 ихтисоси нав, аз ҷумлаи физика ва информатика (рӯзона), география –демография (рӯзона, фосилавӣ), забони англисӣ. Забони олмонӣ (рӯзона), забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ (рӯзона), санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқӣ бадеӣ (рӯзона), забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тоҷик. (рӯзона), тарбияи ҷисмонӣ (фосилавӣ), андоз ва андозбандӣ (фосилавӣ), молия ва қарз (фосилавӣ), таҳсилоти ибтидоӣ.Забони хориҷӣ (англисӣ) (рӯзона) таъсис ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ