​БЕТАРАФОН БЕШАРАФАНД!

Ҳаводиси ба вуҷуд омадаи сарҳадӣ дар Ворух байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон кулли ҷомеаи кишварро нигарон намуд. Ин даргирии сарҳадиро мардуми кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук маҳкум намуда, баён доштанд, ки бо мардуми сарбаланди Исфара ғамшарик ҳастанд, ғами ин гӯшаи диёр ғами кулли миллати тоҷик аст…

Аммо он хоиноне, чун Кабирӣ, ки то ба дирӯз дағдағаи ватандориву ватанхоҳӣ мезанад, мардумро ба иғвоюфитна даъват менамоянд, баҳри ҳимояту манофеашон идора ба идораву созмон ба созмон мегарданду аз давлату ҳукумати кишвар шикоят мекунанд,доир ба ин маъсала то ин дам на чизе гуфтанду на назари худро пахшу нашр карданд. Гӯиё, ба даҳон об гирифтаанд. Яъне бетарафиро ихтиёр намуданд. Барҳақ бетарафон бешарафанд, касифанду лаинанду ҳайвонсиратанд.

Ин сустунсурон баҳри ҳалқу шикамсерии хеш ба ҳама кор даст заданд. Аммо имрӯз, ки халқи кишвар сарҷамъона амали шаҳрвандони Қирғизистонро маҳкум менамоянд, ин номардону ватанфурӯшон аз мушхона сар берун намекашанд.Аз ин бармеояд, ки бе ишорату сарҷунбонии хоҷагон ба кореву ба амале даст намезананд. Ватан ва номи халқ барои онҳо баҳонае беш нест ва омодаанд ин ду мафҳуми муқаддасро баҳри расидан ба ҳадафҳои нопоки худ қурбон созанд.

Аз мавқеъгириҳои ватанфурӯшон бармеояд, киаз ноором шудани вазъ дар кишвар, хосатан сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор мебошанд. Манфиати онҳо манфиати хоҷагонашон мебошад. Аслан барои онон фарқ надорад, ки ба сари мардуми тоҷик чӣ меояд, аз дилу аз сарашон чӣ мегузарад. Барои онҳои ризоияти хоҷа ва ба даст овардани маблағҳо муҳимтару заруртар аст…

Бовар дорам, ки давлату ҳукумати кишвар дар наздиктарин фурсат ҷиҳати рафъи мушкилоти бавуҷудомада тадбирҳои судмандро андешида, роҳандозӣ менамояд. Зеро мо мардуми Тоҷикистон ба ин давлату ҳукумати кишвар ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон итминони комил дорем.

Латифи Азиз, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, журналист

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ