​Туҳмати навбатии душманони миллат

Санаи 07-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 128 нафар маҳкумшуда (120 нафар мард ва 8 нафар зан) аз МИ 3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда интиқол дода шуданд. Вале, мутаасифона, дар роҳ 14 нафари маҳкумшудагон пас аз истеъмоли нонҳои куҳнашуда, ки ба дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ ва қайкунӣ оварда расонидааст, ба ҳалокат расидаанд. Дар натиҷа, оиди ҳодисаи ба амаломада аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурўҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.

Лекин қазияи заҳролуд шудани 14 маҳкумшудагон сабаби сар задани сару садоҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Алалхусус душманони миллат, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранду худро ватандўсту меҳанпараст вонамуд мекунанд, бори дигар собит сохтанд,ки онҳо омода ҳастанд ҳар як воқеаи дар Тоҷикистон ба амаломадаро чун масъалаи сиёсӣ ба аҳли башар муаррифӣ кунанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Онҳо ҳатто намехоҳанд, ки натиҷаи кори гурўҳи махсуси тафтишотиро мунтазир бошанд, зеро натиҷа шояд барои манфиати онҳо ҷавобгў нахоҳад буд. Албатта фавти 14 маҳкумшудагон барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон манфиате надорад. Баръакс душманони миллати тоҷик мехоҳанд аз ин ҳолати ба амаломада истифода карда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин қазия ҷалб намоянд ва обрўву манзалати кишвари моро паст кунанд. Лекин Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон чун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускор мешиносанд. Роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи олам медонанд, ки қазияи марги 14 маҳкумшудагон як воқеаи нохушест, ки метавонад дар ҳар гушаву канори дигар мамлакатҳо низ ба вуқўъ ояд.

Итминони комил дорем, ки комиссияи ташкилдодашудаи масхсуси тафтишотӣ ҳодисаи дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтидани маҳбусонро мавриди таҳқиқоти беғараз қарор медиҳад ва рўзҳои наздик хулосаи кори онҳо ба мардум пешниҳод мегардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ