​Лаънат ба Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ

Барои пешравии ҷомеа пеш аз ҳама якдилӣ, ваҳдат ва дигар рукнҳои муқаддаси инсонӣ зарур мебошанд. Барои ҳар фарди зиндадил дӯст доштани ватани азизи худ ва ҳифзи он ҳам фарз асту ҳам қарз аст. Аммо мутаасифона дар ҷомеа шахсоне низ пайдо мешаванд, ки ғуломи нафси аҳриманонаи худ гаштаанд, барои онҳо азизтарин чиз пул асту пул!

Баъди ҳодисаҳои зиёди сиёсӣ,маълум гардид, ки сардори ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯмехоҳанд, ки ақидаҳои вайрони онҳо амалӣ гардад ва ҷомеаи мо ноором шавад. Фузун бар ин обрўву эътибори халқи тоҷик дар назди дагар халқҳо бирезад. Онҳо ба худ шиореро пеша кардаанд, ки дар худ хусусияти худхоҳиро дорад ва ин шиор чунин аст: Олам сӯзад сӯзаду фоидаи ман насӯзад. Ин афроди беимон ѓуломи хоҷагони хориҷӣ гашта, ватану миллатӣ худро фаромӯш кардаанд. Барои исботи ин андеша мо иқтибосе аз як мусоҳибаи Кабирӣ баъди анҷоми суханронии ҳайати Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони милал дар Женева меоварем: “Агар дар сатҳи Шӯрои амнияти Созмони милал қарор қабул шавад, иҷро накардани он паёмадҳои ҳуқуқӣ дорад. Аммо агар дар сатҳи яке аз кумитаҳо мисли Кумитаи ҳуқуқи башар ин қарор қабул шавад, ягон ниҳоди байналмиллалӣ наметавонад Тоҷикистонро мустақиман ҷазо диҳад. Аммо ин ҳамааш ҷамъ мешавад ва ин натиҷа ҳосил мешавад, ки Тоҷикистон қарорҳои СММ ва меъёрҳои байналмилалро риоя намекунад ва ин дар тасмимҳои минбаъда мисли кӯмаку грантҳо ба Тоҷикистон ва ворид кардани маъулини кишвар ба ин ё он таҳрим таъсир мерасонад”.

Ин сатрҳоро мехонему ба аҳволи зори Кабирӣ раҳмамон меояд, зеро ин бечораи оҷиз орзу кардааст, ки Тоҷикистон аз кўмакҳову грантҳо бенасиб монад. Орзуи хом аст, ин Кабирӣ!!! Ту кистӣ ки ба масъалаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ дахл намоӣ?Туро дар ватан эътироф накарданду дар хориҷ мекунанд магар? Ҳарчанд дар урфият мегўянд, ки “орзу кардан айб нест”, вале чунин орзуҳои хомро мардон накунанд.

Ҷойи дигар Кабирӣ арз доштааст, ки посухҳои ҳайати Тоҷикистон гўё умумӣ ва обшуста буданд. Бечора Кабирӣ аз посухҳои обшустаи ҳамешагии худ хаста шудаст магар, ки ба назараш посухҳои ҷиддии сиёсатмадорони соҳибтаҷриба низ ба монанди посухҳои худаш метобанд. Ҳамчунин ў андешаи аҷибе иброз доштааст, ки “падари маро аз сафар боздоштанд ва аз ҳавопаймо берун карданд, набераамро чанд моҳ манъ карданд”. Аз ин посухи Кабирӣ ба ҳайрат омадам, ки ў ёде аз падару набера кардааст. Ин бисёр аҷиб аст, ки инсон барои амалӣ шудани нақшаҳои шахсӣ аз баҳри ҳамаи наздикону пайвандон барояду баъд аз фирору чанд соли ҷудоӣ, нохост онҳо ба хотираш расанд.Шояд Кабирӣ низ ба пирӣ расида истодааст, ки ёди бечорападар менамояд. Эй Кабирӣ беҳтар набуд, ки дуои падар бигирӣ ва ўро дар дами пирӣ дастгиру мададгор бошӣ? Ту ки қадри падари худ намедонӣ аз куҷо ба қадри халқу миллат бирасӣ?

Соҳиби ватани худ будан, соҳибистиқлол гаштан ва озод будан ин орзуву ормонӣ чандинсолаи аҷдодони мо мебошад, дар ин роҳ чандин ҳазорон ҷон бохтаанд. Мо набояд ин мероси гаронбаҳоро аз даст диҳем, балкиба насли оянда расонем ва аз соҳибистиқлолии худ ифтихор намоем.

Ҳар як лаҳзаи оромиву тинҷӣ барои мо баробар ба ганҷи қорун аст. Чи хеле ки сарвари давлатамон қайд мекунанд, бояд шукронаи ҳамин сарзамин ва тинҷиву оромӣ кунем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ