​Соати тарбиявӣ: Ҷавонон ҳаёти солимро интихоб мекунанд

Аз соли 1996 бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО - Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз миллионҳо нафар одамон лентаи сурхро, ки яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, ба бар мекунанд.

Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25-уми феврали соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020” ва нақшаи тадбиқи он қабул гардид.

Дар ин замина, дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соати тарбиявии кушод оид ба мавзӯи “Ҷавонон тарзи ҳаёти солимро интихоб менамоянд” баргузор гардид.

Дар дарси мазкур сармуаллими кафедраи анатомияи варзишӣ ва мудофиаи гражданӣ, Муқимҷон Темиров оид ба мавзӯи "Мубориза ба зидди бемории СПИД кори ҳар як фард аст" (тариқи муаррифӣ), донишҷӯи гурӯҳи 201,Ситора Эгамбердиева дар мавзӯи "Ҷавонон ҳаёти солимро интихоб мекунанд" маърӯза намуданд.

Баъдан доир ба масоили фавқуззикр мубоҳиса ҷараён гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ