​Ҳайати Тоҷикистон аз имтиҳон гузашт

Ба наздикӣ дар шаҳри Женеваи Швейсария зимни нишасти кумитаи ҳуқуқи башари СММ риояти ҳуқуқҳои сиёсӣ ва мадании шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид. Мувофиқи маълумоти расонаҳои хабарӣ дар ин нишаст ба ғайр аз намояндагони расмии кишварамон баъзе аз ҷонибдорон ва аъзоёни ҲНИ, ки дар Тоҷикистон аз охири моҳи сентябри соли 2015 бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф шудааст, ширкат намуданд. Ба ақидаи онҳо ҳайати расмии Тоҷикистон ба саволҳои гузоштаи шахсони масъули кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба таври умумӣ ва кўтоҳ ҷавоб гуфтааст.

Бояд зикр намуд, ки солҳои охир аъзоён ва ҷонибдорони ҳар гуна ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранду мехоҳанд худро ба ҷаҳониён чун гурўҳҳои мухолифини сиёсӣ вонамуд кунанд, доимо дар фикри аз даст надодани имконияти мусоид ҷиҳати коҳиш додани имиҷи элитаи сиёсии Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо кўшиш намуда истодаанд, ки бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла проблемаҳои бофтаву, айбдоркуниҳои беасос диққати ҷомеи ҷаҳониро ба фаъолияти худ ҷалб намоянд ва ба ин васила ба ҳадафҳои ғаразноки худ бирасанд. Баргузор кардани нишасти кумитаи ҳуқуқи башари СММ оид ба риояти ҳуқуқҳои сиёсӣ ва мадании шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин афроди манфиатҷў боз як имконияти хуб ҷиҳати пинҳон намудани ҳадафҳои аслӣ гардид.

Ҳамзамон пўшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ роҳи пешрафти демократиро интихоб намуда, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шарту шароити мусоиди зиндагӣ барои ҳар як сокини ба ору номуси кишварро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ шуморидааст. Меҳнати софдилона ва пурсамари роҳбарияти кишвар ва мардуми меҳнатдўсту соҳибфарҳанги Тоҷикистон буд, ки тавонистем кишварро аз ҳолати бўҳронии охири қарни XX ба як мамлакати тинҷу осоишта ва тараққинамудаистодаи минтақа табдил диҳем. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва доимо дар фикри ободиву пешрафти кишвари азизамон бошем.

Камолиддини Раҷабзод

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ