​Ҷамшед Ҷӯразода: Наврӯз рамзи некӣ, рӯшноӣ, сарҷамъиву ваҳдат ва ҷашни нуру сурур меҳру ихлос аст

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Наврӯзи байналмилалӣ дар фазои савту навои идона бо намоиши анъанаҳои наврӯзӣ истиқбол карда шуд.

Дар чорабинии наврӯзӣ Валерий Ильичев - директори институти нақлиёт, хизматрасонӣ ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва иқтисодии Нижегород, Александр Мартьянычев – директори институти иқтисодии Донишгоҳи Княгининои Федератсияи Руссия ва доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Дар ибтидо, 8 равза – “Равзаи маърифат”, “Равзаи ҳунар”, “Равзаи гулу бутта”, “Равзаи бозиҳои миллӣ”, “Равзаи анъанаҳои миллӣ”, “Равзаи таомҳои миллӣ”, “Равзаи таърих” ва “Равзаи ДДХ” бо намоиши китобҳои Пешвои миллат ва осори адабӣ, китобҳои таърихӣ ва рисолаҳои илмӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, китобҳои интишордодаи донишгоҳ, ҳунарҳои гилембофӣ, чакандӯзӣ, кордсозӣ, рассомӣ, хелҳои гул ва тухмиҳои он, дастурхони наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва шириниҳо, бозиҳои мардумии сангчапартоӣ, арғунчакбозӣ, иҷрои суруди бойчечак, суманак ва ёр-ёру нақши тоҷикӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Чорабинии фарҳангиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Наврӯзи хуҷаста шодбош гуфт ва саодати абад, некномиву тандурустӣ ва комёбиву тавфиқи ҳамешагиро таманно намуд.

Ректори донишгоҳ баён кард, ки Наврӯз ҳамчун рамзи некӣ, рӯшноӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур барои афзудани гармии меҳру ихлоси мардуми Тоҷикистони азиз, равнақи созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву шукуфоии сарзамини аҷдодии мо нақши муассир гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш дар тақвими мо ба зиндагонии мардум хуррамиҳоро мужда меоварад.

Дар идома, Ҷамшед Ҷӯразода доир ба дастовардҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён ва ободониву созандагӣ дар донишгоҳ аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи соли ҷорӣ ҳарф зада, гуфт, ки дар композитсияи адабии чорабинӣ имсолинаи анъанаи хониши суруд (Оби раҳмат), ашӯлаҳои бачагона («Ҳалӯпӣ»), бунёди сафедор бо гули лола, ки анъанаи қадима мебошад, эҳё гашта, дар намуди намоиши саҳнавӣ манзур мегардад. Ҳамчунин, дар ҷашнгоҳ равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз ва донишгоҳ, таомҳо ва бозиҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли инҳо ба намоиш гузошта шудаанд, ки ин бори дигар аз фарҳангдӯст ва соҳибтамаддун будани мардуми шарифи тоҷик далолат медиҳад.

Дар фароварди сухан Ҷамшед Ҷӯразода афзуд, ки ҳар яки мо баробари ба ҷо овардани шукронаи ин пешравиҳо, соҳибватанӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри ба таври шоиста пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат, ободии фардои кишвар ва осоиши зиндагии халқамон тамоми қувваю нерӯи худро сафарбар намоем.

Пас аз он, ғолибони озмун, ки аз рӯйи намоиши равзаҳо муайян карда шуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадр гардиданд.

Дар идома намоиши театрикардашуда ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзур гардид, ки табъи ҳозиринро болида сохт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ