​ДДХ: Сафарбаркунии донишҷӯён ба ёдгориҳои Саразм

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми сентябри соли 2020 дар Панҷакент, 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад. Вобаста ба ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.05.2019, №195 “Оид ба таҷлили 5500-солагии ёдгории Саразми бостонӣ” ба тасвиб расидааст.

Дар ин замина, донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба ёдгории Саразми бостонӣ сафарбар гаштанд.

Дар навбати аввал, 20 донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ бо роҳбарии номзади илмҳои таърих, Муродҷон Ҷӯраев ба ёдгории Саразми бостонӣ ҷиҳати газаронидани таҷрибаомӯзии таълимии археологии саҳроӣ фиристода шуданд. Сафарбаркунии боз ду гурӯҳи дигари донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии саҳроии археологӣ ба Саразми бостонӣ дар назар аст.

Ин иқдом бо ҳадафи иштирок ва шиносоии донишҷӯён дар ҳафриёти археологӣ ва корҳои тармиму азнавсозии ёдгориҳои қадимаи Саразм ба роҳ монда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар ёдгории Саразми бостонӣ олимон-бостошиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафриётҳои археологӣ гузаронида истодаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ