​Дар мусобиқаи паҳлавонӣ-гуштингирӣ донишҷӯи донишгоҳ мақоми аввалро соҳиб гашт

Бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангиву варзишӣ баргузор гардид.

Дар оғоз Мӯсобек Мироватов - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, қайд намуд, ки “бо шарофати Истқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи бостонӣ имрӯз дар сарзамини мо ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ ва давлатӣ таҷлил карда мешавад. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи хуҷаста, ҷаҳонӣ шуд, ки ин ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”.

Дар рафти чорабинии наврӯзӣ як силсила чорабиниҳои варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла, мусобиқаи паҳлавонӣ-гуштингирӣ байни донишҷӯёни муасисаҳои олӣ ташкил гардид, ки дар он Пардабой Мустафоқулов - донишҷӯи Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми аввалро сазовор гардид.

Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ