​10 соли рушди забон ва такмили таълими он

Таҳти чунин унвон, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ширкати забоншиносони варзида, омӯзгорони соҳибтаҷриба, муаллифони барномаҳо ва китобҳои дарсӣ мудирони кафедраҳои забоншиносии донишгоҳ, институти бозомӯзии муаллимони вилоят “Равзанаи андешаҳо” баргузор гашт.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, доир ба ҳадаф ва сохтори мизи мудаввари олимони донишгоҳ иборзи назар намуда, илова дошт, ки ин иқдом дар муттаҳидшавии олимону мутахассисон ва тободули дониш, таҷриба, маҳорату малакаи онҳо, ва ба ин васила, ки ба ин васила, дар рушди илм ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим заминаи судманд мегузорад.

Ҳамчунин, ректори донишгоҳ доир ба нақши Комиссияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташаккули сиёсати забон ҳарф зада, баён кард, ки комиссияи фавқуззикр фаъолиятро ба таври густурда ба амалӣ намудани сиёсати давлатии забон нигаронида, корҳои назаррасро иҷро карда истодааст. Чунончи, мутобиқ ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барнома (проспект)”–и такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро дар донишгоҳ барои солҳои 2019 – 2021 таҳия намуда, дастраси масъулон гардонид, то ки дар кафедраҳои забоншиносӣ барои танзими барномаи корӣ барои солҳои 2021-2025 омодагӣ гиранд.

Дар идома муовини раиси Комиссияи донишгоҳ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессор Абдусаттор Абдуқодиров, мудири кафедраи забони тоҷикӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода, мудири шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи замон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳим Зулфониён, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ, дотсент Шоира Ҳакимова, дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, Алиҷон Бойматов ва мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, дотсент Муаззама Комилова доир ба масоили “Қайдҳои Пешвои миллат перомуни ҳусни сухан”, “Фарҳангҳои истилоҳотӣ ва рисолати забони давлатӣ ҳамчун забони илм” ва “Омилҳои инноватсионии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ” маърӯза доштанд.

Баъдан иштирокдорони мизи мудаввар оид ба забоншиносӣ ва такмили таълими забонҳои тоҷикӣ,русӣ, англисӣ ва дигар ҷанбаҳои он табодули андеша намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ