​ДДХ: Бастани шартномаи ҳамкорӣ ва тафоҳумнома

Дар доираи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони Ҳамкории иқтисодӣҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон: таърих ва замони муосир” 2 шартномаи ҳамкорӣ ва 1 тафоҳумнома баста шуд.

Шартномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Осорхонаи давлатии адабии ба номи Алишер Навоии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шартномаи ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Институти забон ва адабиёти ӯзбек ва фолклори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва тафоҳумнома байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Институти такмили ихтисоси кадрҳо ва тадқиқотҳои омории назди Кумитаи давлатии статистикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баста шуданд.

Гуфта шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳо ва тавоҳумнома барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, конфронс ва ҳамоишҳои якҷоя, нашри маҷмӯаҳо, мубодилаи устодону донишҷӯён ва ғайра имконияти мусоид ба вуҷуд меояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ