​Конференсияи илмӣ-амалии журналистон

Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума бахшида ба солҳои 2019-2021 ”Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-амалии апрелии устодон баргузор гардид.

Мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Каримбой Комилов конфронсро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки баргузории чунин конференсия барои баррасӣ ва ҳаллӣ масъалаҳои мубрами соҳаи журналистика нақши муассир мегузорад.

Дар конференсия 18 номгӯи маърузаҳои илмӣ оид ба рушди журналистика ва фаъолияти публтсистии адибон ироа гардид. Дар маърузаҳо устодон ба масъалаҳои актуалии соҳа, аз ҷумла, муаммои матбуоти маҳаллӣ, мавқеъи жанрҳои бадеӣ, ташакули жанрҳои журналистӣ, риояи этикаи касбӣ дар ВАО, масъалаҳои рушди ВАЭ, риояи забон вауслуб дар матбуот дахл намуда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи муҳокима Малика Саидхоҷаева муаллифи маърузаи “Назаре ба фаъолияти адабиётшинос ва муҳаққиқи барҷаста Шарифҷон Ҳусензода” беҳтарин дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ