​Рақседу рақсед, раққосаҳои дайду!

Шоми 12 мартфитнаи навбатии хоинони миллати тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук боз ҳам доғ гардид. Ин навбат бо нашри наворе нафаре худро Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) муаррифӣ намуда, баён кард, ки барои анҷоми маъмурияти махфӣ ҳамчун гуреза ба Олмон фиристода шудааст. Иддаое, ки сар то по дурўғ асту воқеият надорад. Аввал ин, ки ҳоҷат ба омўзиши фаъолият ва дақиқ намудани он, ки онон дар кадом мушхона пинҳон шудаанд, нест. Зеро ҳама медонанд, ки он ватанфурўшону пулдўстон чанд нафаранду дар куҷо ҷойгиранд. Баъдан ине, ки худро афсари КДАМ муаррифӣ мекунад, ба мантиқ рост намеояд. Чаро ки дар ин шабу рўз ватанфурўшон нисбати идораву вазоратҳои дар суботи кишвар масъул силсилаи туҳматҳои иттилоотиро ташкил кардаанд. Ҳама аз ин дасисаи хоинон огоҳ аст. Ҳарфи дигар ин аст, ки ин фурўхташуда, дар нутқ худро дўстдори ин ватану миллат маънидод мекунад. Дар ҳоле, ки ҳар як корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо номи миллат қасам ёд мекунанду ваъда медиҳанд, ки то ҷон дар рамақ доранд баҳри ҳифзи марзу бум ва дифои ҳуқуқҳои мардум мубориза мебаранд. Аммо ин нохалафу алафмизоҷ, гарчанде, ки корманди ин ниҳод буданаш дақиқ нест, агар корманди ин ниҳод бошад чаро савганде, ки ба номи мардуми кишвар хўрд, баҳри кадом манфиати шахсӣ шикаст? Ин суолест, ки ҷавоб мехоҳад.

Ҳайратовар он аст, ки худро хатмкардаи риштаи рўзноманигории Донишгоҳи байналмилалии Қоҳира мехонад, се ҷумларо ба ҳам оварда, як фикри солим баён карда наметавонаду рўзноманигор будааст. Туфу…

Дар кулубҳо як гурўҳи бонувон фаъолият менамоянд, ки ба хотири пул бо ҳар касе, ки рост омад, мерақсанду ҳамхоба мешаванд. Новобаста аз синну сол, тандурустӣ ва тозагӣ. Филҷумла ба бемориҳои гуногуни ҷинсӣ гирифтор гардида, бо азобу ранҷ ҳалок мешаванд. Ин мисол дархури мавзўи мост. Чаро ки амалу рафтори як тўда ватанфурўшон дар шабакаи иҷтимоии фейсбук бо номҳои худу мустаор, ки ба хотири пул чун саг ав-ав доранд, ба раққосаҳои дайду шабеҳияти наздик дорад. Аввалан ин ватанфурўшон ба хотири ҷалби сармояи бештар созмонҳои мухталифи террористӣ созмон додаанд, сониян барои онҳо фарқ надорад, ки бо кӣ даст ба дасту ҳамақида ҳастанд. Дигар ин, ки аз ҷиҳати равонӣ онҳое бо ҳам ҳамнишину ҳамдил мешаванд, ки хислату хўй ва ҳадафи якранг доранд. Мақсад ва мароми хоҷагони эшон ноором кардани фазои ҷомеа ва инон рахна эҷод намудан ба пойдевори сулҳу ваҳдати ҷовидони мардуми тоҷик аст. Онҳо пул медиҳанд, раққосаҳои дайду мерақсанд. Инҳо ба дарде гирифтор шудаанд, ки шабеҳи СПИД ва ё саратон аст. Ҳеҷ илоҷи раҳо шуданро надоранд. Инро хуб медонанд. Аз ин лиҳоз, бо тарзу равишҳои нав ҷилва мекунанду сафсата мефурўшанд ва мерақсанду мерақсанд. Раққосаҳои дайду…

Латифи Азиз, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, журналист

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ