​Аёдати собиқадорон

Аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ 15 нафар собиқадорони донишгоҳ, ки айни ҳол давлати пирӣ меронанд, аёдат карда шуд.

Зимни аёдат собиқадорон шукрона аз соҳибистиқлолӣ намуда, доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ сухан карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ