Роҳ ёфтани 12 донишҷӯ ба даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бо ширкати беш аз 130 донишҷӯи фаъол дар китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гашт.

Донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои ҳифз ва хондани осори адибони адабиёти классикии тоҷик, осори адибони адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти бачагона байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон дар бахши ҳифз ва хондани осори адибони классик Сарфарозиддин Иморидинов, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияти тоҷик, дар бахши хондани осори адибони муосир Дилноза Одилова, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва дар бахши адабиёти ҷаҳон Манижа Восидзода, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи рус соҳиби мақоми аввал гардиданд.

Маврид ба таъкид аст, ки 5 донишҷӯ аз бахши ҳифз ва хондани осори адибони адабиёти классикии тоҷик, 3 донишҷӯ аз бахши осори адибони адабиёти муосири тоҷик ва 4 донишҷӯ аз бахши адабиёти ҷаҳон, дар маҷмӯъ 12 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ