Сабабҳои барангезонандаи ифротгароии салафӣ ва пешгирии он (изҳороти магистрантони бахши забон ва адабиёти тоҷик)

Истиқлолияти яке аз дастовардҳои муҳимми кишвар ва миллати тоҷик дар тайи таърихи саддаҳои охир ба шумор меравад. Нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани асосҳои ин истиқлолият аз вазифаҳои муқаддаси ҳар шахси боору номуси Ватан маҳсуб меёбад. Аз зумраи ин вазифаҳои муқаддас ҳифзи марзу буми кишвар, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва томияташ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ,баланд бардоштани обрӯ ва шарафи он ва ғайраҳо ба шумор мераванд. Вале баъзе падида ва зуҳуротҳои номатлубе дар ҷомеаи имрӯза рӯи кор меоянд, ки аҳли он ва махсусан ҷавононро аз иҷрои ин вазифаҳои пуршараф ба канор бурда, онҳоро бероҳа месозанд. Ба зумраи чунин падидаҳои номатлуб метавон паҳншавии ифротгароии динӣ дар байни эътиқодмандон ва махсусан ҷавононро ном бурд. Аз ин рӯ, омӯхтани сабабҳо, усули паҳншавӣ ва муайян намудани роҳу воситаҳои пешгирии ифротгароӣ барои ҷомеаи мо беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

Фазои динӣ аз муҳитҳои хеле ҳассос ва фарогири ҷомеаву ҳаёти маънавии аксари кишварҳои Ховари Миёна ва аз он ҷумла Тоҷикистон ба шумор меравад. Тайи солҳои охир пайдо шудани равияву ғояҳои ақидатии гуногун, ки сари масоили мухталифе бо исломи суннатии минтақа ба баҳс ва ихтилоф мепардозанд, аз осебпазирӣ ва майдони бархурди ғояву андешаҳои гуногуни ақидатӣ будани ин фазо дарак медиҳанд. Яке аз равияҳои навзуҳур дар идомаи ақоиди ваҳҳобии солҳои 90-уми қарни гузушта дар ин муҳит, ин пайдоиш ва густариши салафия мебошад. Салафигароиро то андозае агар идомаи шаклӣ ва мафкуравии ваҳҳобия маънидод кардан мумкин бошад, ҳамчунин он бо баъзе нишонаҳояш аз ҳаракатҳои «ҷамоати таблиғ», « ҳизб-ут-таҳрир», «ансор- ул- лоҳ» ва ғайраҳо фарқ мекунад. Дар мавриди хусусият ва асли моҳияти салафигароӣ ҳанӯз пештар ҳам корҳои таҳлилӣ –таҳқиқотӣ гузаронида шуда, паҳлуҳои асосии ин падида муайян шудаанд. Масалан, муҳаққиқи исломшиноси рус З.И.Левин дар кори таҳқиқотияш «Ислоҳот дар ислом: шуданӣ ё шуданӣ нест?» дар ин маврид андешаашро баён намуда, салафигароиро як кӯшиши ба исломи ибтидоӣ баргаштан маънидод намудааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ