​Факултети тарбияи ҷисмонӣ : Пешгирӣ аз ВНМО/БПНМ

БПНМ - (бемории пайдошудаи масъунияти бадан-БНМБ) бемориест, ки онро вируси норасоии масъунияти бадан ВНМО ба вуҷуд меорад. БПНМ-ин зинаи охирини ВНМО мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 60 млн, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВНМО) сироят ёфтанд, қи аз онхо 20млн нафар ба ҳалокат дучор шудаанд. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи Муттахидаи СММ оид ба мубориза алайҳи БПНМ хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиҳанд.

Факултети тарбияи ҷисмонӣ, кафедраи “Мудофиаи гражданӣ“ бо мақсади пешгирии ин бемории сирояткунанда дар хобгоҳи духтаронаи №3-и тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунандаи донишгоҳ чорабинии фаҳмондадиҳӣ баргузор кард. Дар он мудири кафедра, омӯзгорон ва бошандагони хобгоҳ иштирок намуданд.

Муаллима Шаҳноза Гадоева дар мавзӯи “ВНМО вабои аср” маърӯза гуфта, дар бораи бемории вируси ВНМО/БПНМ маълумот пешниҳод кард. Мавсуф оид ба чанд саволҳои муҳим: Чӣ тавр вирус сироят мекунад?, Роҳҳои гирифторшавӣ ба бемории БПНМ? Бештар киҳо гирифтори ин беморӣ мегарданд? ва ВНМО/БПНМ бо кадом роҳҳо сироят намешавад? посухҳои мушаххас дод.

Дар хотима устодони кафедра бо шароитҳои иҷтимоӣ ва санитарӣ- гигиении духтарон дар хобгоҳ шинос шуда, барои ташкили тарзи ҳаёти солим ва дар амон зиндагӣ намудан дастурҳои муфид тавсия намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ