​Тақдими Шоҳҷоиза ба факултети филологияи рус

Дар маросими ҷамъбасти чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ғолибони Фестивал–озмуни “Навои ҷавонӣ” қадр гаштанд.

Аз рӯйи хулосабарории ҳайати ҳакамон дастаи факултети филологияи рус бо Шоҳҷоиза қадр гашта, факултети забонҳои шарқ сазовори мақоми аввал, факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷӣ мақоми дуюм, факултети педагогӣ ва факултети молия ва иқтисодиёти бозор мақоми баъдии ифтихориро касб намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба устодону донишҷӯён ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидан ва ҷамъбаст намудани Фестивал–озмуни “Навои ҷавонӣ” изҳори сипос намуда, диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Фестивал–озмуни “Навои ҷавонӣ” бо иштироки дастаҳои 14 факултети донишгоҳ ташкил ва баргузор гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ