​«Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – тарғибгари ташаббусҳои созанда»

Санаи 8-уми январи соли ҷорӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – тарғибгари ташаббусҳои созанда» баргузор шуд. Дар он аз ҷониби омӯзгорони кафедра нуқтаҳои асосии паёми тозаибрози роҳбари давлат мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Мудири кафедра дотсент Бердишукуров А. ба кори конфронс ифтитоҳ бахшида, дар хусуси ташаббуси созандаву байналмиллалии роҳбари давлат ва нақши он дар ҳалли муаммои глобалӣ маълумот дод. Зикр карда шуд, ки масъалаи ҳифзи манбаҳо ва захираи оби тоза ба мушкилоти асосии сайёра табдил ёфтааст ва ҷалби кишварҳои олам барои дарёфти роҳҳои ҳалли он амали манфиатбахшу судманд мебошад. Ин тадбири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ҳамчун узви фаъолу ташаббускор ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Сипас, сармуаллима Исмоилова М. дар мавзӯи «Инъикоси ҳадафҳои стратегии давлат дар Паёми президенти мамлакат», сармуаллима Комилова З. зери мавзӯи «Таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ўзбекистон», сармуаллима Абдуллоева А. дар мавзӯи «Сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналхалқӣ-масъалаҳои меҳварии паём», муаллима Абдуҷабборова Р. таҳти мавзӯи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Тоҷикистонро ба ободӣ мерасонад» ва Сангинов К. дар мавзӯи «Саноатикунонии Тоҷикистон-ҳадафи чоруми миллӣ» баромад карданд.

Сипас, мудири кафедра нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 тасдиқ кард, тадбиқи амалии онро аз ҷониби аъзоёни кафедра талаб намуд ва ба кори конфронс интиҳо бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ