Озмуни умумидонишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт

Дар китобхонаи Муассисаи давлатии таълими“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровозмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Пешвои миллат –Ифтихори миллат“баргузор гардид.

Озмун аз рӯйи шартҳои “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои Миллат” ва ,,Беҳтарин донандаи шеърҳо дар васфи Пешвои миллат” бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ҷараён гирифт.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон аз рӯйи шарти ,,Беҳтарин донандаи шеърҳо дар васфи Пешвои миллат” донишҷӯи соли 1-уми факултети филологияи тоҷик, Покиза Шодмонзода ва дар бахши “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои Миллат” донишҷӯи соли 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқ, Нигина Додоева мақоми аввалро касб намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур дар доираи Ҳафтаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, ғолибон ва иштирокдорони фаъол бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.

Дилоро Истамқулова, донишҷуи соли аввали

ихтисоси рӯзноманигорӣ, кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ