​Ҷамъомад: 60 миллион одам ба ВМНО гирифторанд.

Дар доираи Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ вамубориза бо бемории норасоии масъунияти бадан (ВМНО) дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ бо донишҷӯён ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳӣ ба бемориҳои пайдоиши норасоии масъунияти одам дар вилояти Суғд А. Ҷӯраев, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд М. Қаҳҳорӣ, иштирок ва суханронӣ доштанд.

Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия Аюбҷон Усмонов ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд, ва доир ба мақсади ташкил ва ҳадафи баргузории он сухан кард. Аз ҷониби баромадкунандагон арз гашт, ки бемории норасоии масъунияти бадан аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти Барномаи муттаҳидаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.

Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, қи аз онхо 20 миллион нафар ба ҳалокат дучор шудаанд.

Дар қисмати дуюми ҷамъомад иштирокдорон доир ба масоили бемории вируси норасоии масъунияти одам ва пешгириюмубориза бо он табодули андеша намуданд.

Дар назар аст, ки доир ба масоили мазкур тибқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи омодагардида, чорабиниҳои мухталифи судманд ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ