Навидҳои донишгоҳ дар як сатр

“Баланд аст аз фалак номи муаллим...” Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус чорабинии тарбиявӣ таҷассумкунандаи бузургдошт ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ, меҳнату заҳмат, меҳру муҳаббати устод – омӯгор буда, бо ширкати васеи устодон ва донишҷӯён баргузор гашт.

Дар факултети физикаю техника чорабинии адабӣ-фарҳангӣ ташкил гардид, ки дар он перомуни манзалати забони тоҷикӣ ва рисолати омӯзгор табодули афкор сурат гирифта, аз ашъори бузургон порчаҳои шеърӣ қироат ва баҳри болидахотирии ҳозирин рақсу суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуд.

Бо мақсади тадбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳфили илмӣ–фарҳангӣ бо номи “Бузургдошти забони тоҷикӣ” дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ доир гардид, ки иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои “Забон - пояи миллат” ва “Забони тоҷикиро пос дорем” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа ва мубодилаи андеша намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ