​Машварат: Санъати танбурнавозӣ ва масъалаҳои тарбияи мутахассисони касбӣ дар замони муосир

Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат, таҳқиқоти илмӣ оид ба самтҳои гуногуни таърих ва назарияи санъати мусиқӣ, рушди минбаъдаи санъати касбӣ ва идомаи беҳтарин анъанаҳои санъати миллӣ бо ҷалби ҳунармандони варзида ва мутахассисони касбӣ самти афзалиятноки таълимию ҳунаромӯзии факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”ба шумор меравад.

Бо назардошти ин масъала, дар факултети фавқуззикр бо ҷалби номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов таҳти унвони “Санъати танбурнавозӣ ва масъалаҳои тарбияи мутахассисони касбӣ дар замони муосир” семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар машварат доираи васеи устодон ва донишҷуёни факултети санъат ва коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ширкат варзиданд.

Абдувалӣ Абдурашидов оид ба масъалаҳои рушд ва омӯзиши санъати навозандагӣ дар сози танбӯр, усулҳои омӯзиш ва сабкҳои асосии ҳунари танбӯрнавозӣ ба ҳозирин сухан намуд. Ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои дигари санъати навозандагӣ ва роҳҳои бегазанд нигоҳ доштани меъроси моддию маънавии ниёгонамон бо иштирокдорон табодули андеша намуд.

Маврид ба зикр аст, ки факултети санъати донишгоҳ бо дигар макотиби олӣ ва миёнаи махсуси санъати кишвар, аз он ҷумла, Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов, Академияи мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи фарханг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, Маркази мусиқии тоҷик “Ҳунар” ҳамкориҳои илмию эҷодӣ дошта, пайваста конфронсу консертҳои мусиқии классикӣ ва намоиши асарҳои рассомонро баргузор менамояд.

Маркзи иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ