Дар хониши сиёсӣ масъалаи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди назар қарор гирифт.

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хониши сиёсии навбатии маҳфили тарғиботчиёни ҷавон "Андеша" бо иштироки мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ, дотсент Мадинахон Сиддиқова ва олими ҷавон Гулорохон Тӯраева баргузор гардид.

Хониши сиёсӣ бо суханронии мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Мадинахон Сиддиқова оғоз гардид, ки мавсуф дар суханронии худ аз дастгириҳо ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози миллат, ва дар ин намина, нақши ҷавонон дар рушду нумуи кишвар ибрози андеша намуд.

Гулорохон Тӯраева бо истифода аз тарзу усули муосир дар мавзӯи "Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ" маъруза ва доир ба ҷудо карда тавонистани маводи аслӣ аз "фейкӣ" дар шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар кард.

Хониши сиёсӣ бо музокираи масъалаҳои мавриди зикр анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ