​Хомӯшии “Паймони миллӣ” аз баҳри чист?

Тайи солҳои охир Муҳиддин Кабирӣ чун гадои кишварҳои хориҷӣ берун аз хоки Ватан бо пайравону чор ёрони алкашаш: Сайидюнуси Истаравшании лагандбардори хоҷагони хориҷиву Алим Шерзамонову бесавод, Илҳом Ёқубови савдогар ва чанд нафари дигар лӯлиёни дар ба дари дигари онҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ муваффақияти Тоҷикистонро нодида гирифта, роҳ сӯи танқиду сангпартоиҳо ба сӯи давлату миллат намуда, даъво мекунанд, ки гӯё онҳо ба мардум ва ҳаммилати худ ғамхор ҳастанд. Онҳое, ки ҳамеша чор мезаданду худро ғамхору меҳрубони мардум нишон медоданд имрӯз он ҳама “меҳрубонӣ”-ҳо рӯ зад, ки чизе беш ҳарзаву худнамоӣ нест.

Таи чанд рӯзи охир ҳодисаи баамаломадаи байни ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон тамоми мардуми кишвар ва ҳатто минтақаро ба ташвиш андохтааст. Аммо онҳое, ки ҳар лаҳза шикояту гила аз давлат мекарданд боре барои ҳаммиллатони худ садо баланд накарданд. Чанд тан аз онҳое, ки ба ном мухолифин, ки (дар асл хоинон) ҳар лаҳзаву сония аз ҳукумату давлат ва сиёсати имрӯзаро танқиду тӯҳмат мекарданд ба оддитарин мушкилот. Аммо имрӯз бешубҳа равшан мегардад, ки хоинони миллат бетарафиро ихтиёр карда, ҷонибдори чунин нооромӣ дар ин ё он гӯшаву канори кишвар мебошанд ва ҳатто чунин хабарҳои ташвишовари ҷомеаи тоҷик чашмони онҳоро кӯр ва забонашонро лолу гунг мегардонад.

Дар ҳоле, ки ҷузъитарин хабарро аз Тоҷикистон огоҳ шуда, бо суханҳои беасосу заифонаашон андешаҳои мардумро заҳролуд месозанд. Аммо агар заррае дар вуҷуди онҳо ҳисси ватандӯстӣ мебуд манфиати ҷомеаро аз манфиатҳои шахсӣ болотар мегузоштанд ва ба ин масоил чанг мезаданд. Дар ҳоле, ки чанд тан аз ҳаёт даргузашт, чанд нафари дигар сокинон захмӣ шуданд ва ҳатто баъзе аз низоъангезони ин мавзеъ чун Роза Урасова мардуми қирғизро ба тоҷик муқобил гузошта, барои манфиати шахсиаш ва рушди соҳибкориаш ба сӯи мардум тир кушоданд ё сангсор намуданд...

Хулоса, мардуми тоҷик бетарафии Муҳиддин Кабирию дигар аъзоёни “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро боз ҳам дурусттар дарк намуда, бори дигар, амалҳои нопоки ин хиёнаткорони Ватан исбот намуданд, ки онҳо “Тоҷик”-у “Тоҷикистонӣ” нестанд ва заррае дилсӯзӣ ба халқу Ватан надоранд!

Аз ҷониби дигар, амалҳои сокинони вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз доираи инсонгароиву ҳамсоягӣ набуда, зарур аст, ки дилу нияти худро пок гиранд ва аз пайи ҳадафҳои мустаҳкамкунандаи дӯстиву рафоқат бошанд.

Бобоҷони Хайриддин, журналист

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ