​Хатару таҳдидҳои муосир ба сулҳу субот ва амнияти миллӣ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин оварда мешавад: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Дар ҳақиқат, ифратгароӣ маънои тундравӣ, маҷораҷӯӣ, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифратгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва аксар вақт нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ намуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва фалсафию ахлоқӣ эҷод шуданд, ки боиси cap задании низоъу муноқишаҳо гардиданд ва имрӯз ба хатари чиддӣ табдил шуд.

Мардуми мо ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дорои анъанаи адами зӯровариву низоъ, ки ҷавҳари он чаҳорчӯбаи принсипи миллии тоҷикии «маранҷу маранҷон» аз баракати аҷдодони ҷафопарҳези мо, аз ҷумла Имоми Аъзам нуҳуфтааст, тавонист садди роҳи низоъи бузурги байналмилалӣ гардида, дар мисоли худ нишон дод, ки тарзу усули дигар субот ва пешравии ҷомеа низ вуҷуд дорад. Муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он, ки бунёди фалсафаи одамияти тоҷикро ташкил медиҳад, аз даврони қадим то имрӯз моҳияти хешро барои мо гум накардааст ва дар асоси он тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Ҷавҳари тоҷик аз азал таҳаммулпазир буд ва ӯ ҳамеша бо Худои худ дар роҳи мубориза алайҳи бадӣ дар ҳар шакле, ки набошад ҳамроҳ буд. Муборизаи ӯ аз тариқи камолоти нафсию рӯҳӣ ва фазилатҳои инсонӣ сурат мегирифт. Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён, олимон ва хоҳиш карда мешавад, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд. Зеро, ба ин хатари оромию осоиштагӣ мубориза бурдан қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз мебошад. Инчунин, дар чунин ҳолат вазифаи олимон аз он иборат мегардад, ки ҳангоми манзур кардани пешниҳодҳои худ ба ин барнома принсипи дунявиятро афзал дониста, барои рушди тафаккури милливу дунявӣ ҷаҳду талош намоянд, эҳтироми забони давлатӣ ва таъриху фарҳанги пешқадами миллиро таъмин карда, барои густариши тафаккур ва ҷаҳонбинии наву созанда ташаббусҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд. Яъне, ҳамаи шаҳрвандон ба ин ҳодисаҳо бетараф нашуда, муносибати худро баён намояд. Зеро, имрӯз барномаҳое, ки аз аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул шуда истодааст, бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд.

Олимон ва умуман шаҳрвандон вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Олимони ҷомеашиносӣ бошад, барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таҳқиқоти ин гурӯҳи олимон, пеш аз ҳама, бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ замина фароҳам оваранд ва омилҳои дигареро, ки дар оянда ҷомеаро муттаҳид месозанд, муайян кунанд, рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пешниҳодҳои мушаххас ва таҳлилҳои саривақтӣ манзур намоянд, ки то давлати мо барои пешгирӣ намудани ҳар гуна равандҳои носолим омода бошад.

Тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди илму маориф ва санъату фарҳанг дар байни ҷавонон бояд вазифаи аввалиндараҷаи олимон қарор гирад. Онҳо бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд. Дар баробари ин, ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.

22-юми декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Паёмашон доир ба масъалаи дигари хатару таҳдидҳои муосир ба сулҳу субот ва амнияти миллӣ андешаи худро чунин изҳор карданд: «Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд» .

Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ришвахурӣ аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст. Дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ сатҳи коррупсия баланд мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён низ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин ҳолат сатҳи коррупсия дар кишвар коҳиш мешавад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон доир ба масъалаи дигари хатару таҳдидҳои муосир ба сулҳу субот ва амнияти миллӣ гуфта мешавад, ки: «муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир омили дигари нигаронкунанда буда, яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадоранд, ки бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ҳамкориро байни ҳамдигар, инчунин, ҳамгироии фаъолияти мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷие, ки бо мо дар ин самт ҳамкорӣ менамоянд, вусъат диҳанд. Бори дигар таъкид менамоям, ки таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад. Бо дарназардошти ин ва вазъи ноороми ҷаҳону минтақа зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд».

Дар ҳақиқат ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа вазифаи асосии ҳар як давлат мебошад. Вазъи имрӯзаи ноороми ҷаҳону минтақа аз ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар талаб менамояд, ки фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, таъмини амнияту тартиботи ҳуқуқӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат мустаҳкам намуда, вазифаҳои хизматиашро бо масъулияти баланд ва содиқона иҷро намояд.


Бердишукуров А., Усанов Р., устодони ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ