​Маҳфили илмӣ-назариявӣ: Конститутсия - қомуси зиндагии арзанда

Имрӯз бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" маҳфили навбатии илмӣ-назариявии "Адолат ва ҳуқуқ" таҳти унвони "Конститутсия - қомуси зиндагии арзанда" баргузор гардид.

Дар маҳфил донишҷӯëни факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, филологияи тоҷик, геоэкология ва хонандагони муассисаҳое, ки бо донишгоҳ ҳамкорӣ доранд, иштирок намуданд.

Ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои инсонмеҳвар будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асосҳои ҳуқуқии амалишавии конститутсионализм дар кишвар табодули андеша намуданд.

.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,

донишҷӯи соли панҷуми

факултети таърих ва ҳуқуқ,

узви маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ