​Роғун Ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон

Бо шарофати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-сентябри соли 2019 баробар бо қайдкунии28 –умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон чархаи дуюми НБО-Роғун ба кор дароварда шуд., ки он аз тарафи Ҷаноби Олӣ пас аз дидани як қатор обектҳо бо пахш гардидани тугмача ифтитоҳ гардид.

Роғун яке аз иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар дарёи Вахш, аз ҷумлаиНБО-Роғуназ ҳадафҳои муҳими афзалиятнокии сиёсати роҳбарияти мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти муҳимиятиэҳёи дубораи ин ишшоот ҳаётан муҳими аср Сарвари кишвар рафти корҳои барқарорсозиву навсозии НБО-и Роғунро таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор дода,дар вақтҳои мувофиқ аз маҳали сохтмони ин иншоот боздид менамоянд.

Иншшоти номбурда барои зиндагии шоистаи насли имрӯзуояндаи кишвар ва манбаи нуру равшанӣ қарор ёфтани он ҳамешагӣ хизмат хоҳад кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду тараққиикишвар ҳамеша талош намуда расидан ба се ҳадафи асосӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро муққарар намуданд. Бо фаъол шудани НБО-Роғун истеҳсоли миёнаи нерӯи барқ 13,3 миллион кВт/соат расида, кабудии шадиди нерӯи барқ дар минтақа бартараф мешавад ва муаммоҳои норасоии нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

Дар воқеъ, НБО-и Роғун барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба кишвари тараққикардаву пешрафта табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад. Он имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешқадамтарини содиркунандагони барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷаҳон мубаддал гардад.

Кафедраи географияи табиӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ