Таҷлили Рўзи матбуоти тоҷик дар донишгоҳ​

мрўз, дар МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик маҳфили кушоди «Нерўи сухан» бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ таҳти унвони «Аз «Бухорои Шариф» то «Нерўи сухан» баргузор гардид.

Профессор Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба таълим иштирок ва баромад намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти донишгоҳ бо Рўзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, доир ба мақом ва мавқеи журналистика дар пойдории сулҳу субот ва рушду нумўи соҳаҳои хоҷагии халқ ибрози андеша намуд.

Илҳоми Ҷамолиён, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба «Муаммо ва масъалаҳои умдаи журналистикаи муосир» маърўза намуда, арз кард, ки дар ин раванди пурталотуми иттилоотӣ моро зарур аст, ки бо риояи меъёрҳо ва сифати касбии журналистӣ фаъолият намоем. Таваҷҷуҳи худро баҳри мубориза бо падидаҳои номатлуб равона сохта, ҷомеаро ба сўйи созандагиву ободонӣ ҳидоят намоем.

Карими Шариф, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи масъалаи «Дирўз ва имрўзи рўзномаҳои маҳаллии вилояти Суғд» баромад намуда, баён дошт, ки имрўз дар вилоят 3 рўзномаи вилоятӣ ва 18 рўзномаи шаҳриву ноҳиявии давлатӣ фаъолият доранд.

Сипас, байни намояндагони васоити ахбори омма ва аъзои маҳфили «Нерўи сухан» мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар интиҳо барои ҳамкории судманд бо МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» кормандони телевизиони «Тоҷикистон» дар вилоят, ТВ "Суғд", «Азия», «Танин», «СМ-1», намояндагони рўзномаҳои «Ҷумҳурият»-у «Минбари халқ» дар вилоят, рўзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», Согдийская правда» ва дигар рўзноманигорон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти донишгоҳ қадр гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил





МАРКАЗИ ИТТИЛООТ