​Муборизаи беамон зидди нерӯҳои бадхоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти миллиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, пеш аз ҳама, барои мардуми кишварамон олитарин ифодаи амният – сулҳу ваҳдати миллиро ҳадья намуданд. Пешвои амниятофарини миллат дар суханрониҳои худ Вобаста ба хатарҳои асосии тахтидкунандаи амнияти миллӣ борҳо чунин ибрози андеша намуданд: «Ба амнияти миллии ҳар давлат, пеш аз ҳама қувваҳои моҷарӯҷӯю таҳрибкори беруни таҳдид дорад, ки Тоҷикистон дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷиабори дахолати онҳоро аз сар гузаронидааст». Аз назари Пешвои миллат: «Зиракии сиёсӣ омили амният, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун мебошад».

Мардуми тоҷик аз лофу газофҳои осмонӣ иддаи нафароне аз наҳзатиҳо, кихудро дилсӯзии миллат вонамуд менамоянд ва мехоҳанд «адли осмонӣ» - робарқарор кунанд ва бо баҳонаиин адл солҳои 90-уми қарни гузашта зиёда аз 150 ҳазор нафарро аз зиндагӣ маҳрум сохтаанд, аз ёд набурдааст. Он замон низ наҳзатиҳо лофу газофҳои осмонӣ заданд ва иддае аз сиёсатмадорон ба мардум ваъдаи «биҳишти адн» доданд ва ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ, Тоҷикистонро ба дӯзахи рӯи замин табдил доданд. Ҳоло ҳам новобаста аз кӯшишҳои пайвастаи давлату ҳукумат натиҷаи он ҷанги бемаънии миллаткуш, ки бо тавтеаи бегонагон ба хотиритавсеаи манфиатҳояшон ба дастихудбохтагони дохилӣ роҳандозӣ шуд, эҳсос мешавад. Зеро натиҷаи харобиовари маънавии онро дар як они воҳид ҳал кардан имконопазир аст. Вале мо аминем, киин баъзе камбудиҳо низ зина ба зинааз байн хоҳанд рафт, дар ҳолати дар ҷомеаоромиш ва сулҳу низомиустувор амал кунад.

Агар масъулони ҳамонвақтаи баъзе сохтору мақомотидавлатӣ, зиёиён ва фаъолониҷомеа сари вақт азмакри наҳзатиҳо ва мақсади нопоки онҳо огоҳ мешуданд ва пешироҳифаъолияти минбаъдаи харобиоварионҳоро ҳамон вақтмегирифтанд, шояд дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ба амал намеомад ва ҳазорон одам куштаю бехонумон намегардид. Садҳо нафар ҷавон ба таблиғоти наҳзатиҳо ба Афғонистону Сурия ва дигар кишварҳои минтақа рафта, террорист ва экстремист намешуданд.

Имрӯз, ки дар Тоҷикистон вазъияти орому субот ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиду барои ободии ватан талош мекунад, вақти он расидааст, ки ба фитнаангезию, дассисабози наҳзатиҳо бовар накарда, ҷинояткорони наҳзатиро ошкор эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем.Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта барои ҷомеа Тоҷикситон як дарсе бошад ва моҳушёр бошем, ки нерӯҳои бадхоҳ, табоҳкоринаҳзатӣ дигар дар Ватани мо зуҳур накунанд ва нақшаҳоинопоки худро татбиқ карда натавонанд.

Дар паёми навбатии худ Асосгузори Сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Рахмон, ба Маҷлиси Олии Чумхурии Точикистон кайд намуда буд, ки мардуми шарафманди Точикистони сохибистиклол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солхои навадуми асри гузашта бо фитнаангезию, дассисабози халалдор намояд ва халки ободгари моро аз мачрои созандагиву бунёдкори берун созад.

Декани факултети физикаю техника дотсент Шамсидинов М.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ