​Сакароти марги Юнус Бурҳонов ва ё салоти ҷанозаи шахсе ки Ватан надорад...

Мафҳумҳое, ки Юнус Бурҳонов аз он парда бардоштааст, маълум мешавад, ки бо фарҳанги нобиноён, шинос нест, чашмро боз накардааст ва аслан бӯе намебарад, ки сиёсати калон ба ҷузъ аз сафсата, боз истодагариро металабад. Бо чашми хирад дид бояд ҷаҳон гуфтагӣ барин гапҳои нобу нағзро намедонад. Мо дар ин қитъа фақат ба як мафҳум, он ҳам мафҳуми давлатдорӣ, таваҷҷуҳи Юнус Бурҳонов ҷалб менамоем. Корманди давлат будан дар ин шароити буҳронӣ маънои ватандӯсти асил буданро дорад. Шабро рӯз нагуфта, ба мушкилоти рӯзгор даст ба гиребон шудан, мафҳуми меҳандӯсти асилро дорад. Синаро сипар кардан ва монеаи терроризми байналмилалӣ шудан, ки Юнус Бурҳонов худ ҷузъе аз террористони ашаддӣ аст, инро ватандӯстӣ мегӯянд.

Шоҳидони воқеа, ки дар паҳлӯи Юнус Бурҳонов мебошнад, нақл мекунанд, ки дар мулқи ғарибӣ, дар ба дар, бо эҳсоси худкамбинӣ ҳар субҳро ҳамчун рӯзи охирони зиндагиаш мепазирад. Чанд андешаи кӯр, ки ҳар касро ба риққат меорад, инҳоянд: - Дар дилам зад, дарбадариву хонабасарӣ. Ӯротеппа зодгоҳи ҷаннатулмаконам маро бипазир. Ба омочу далдаву сиёҳалафу шакароб ва оши биқинӣ бо тухми бедона зиқ шудам. Ман ҳам як инсонам. Ҳарчанд ки як шиа ҳастам, тоҷикам. Бас Ватанро сиёҳ кардан ва бо дурӯғ зистан. Дар Ватан манро дӯстонам ва хешонам интизоранд. Дар ин кишвари бегона ҳарчанд ҳамзабон ҳастанд, мисли бачаи шайтонанд ва ба гунаи моҳӣ лағжон, на гапашон садоқат дораду на рафторашон. Кошки як тоҷик мебуд, охир мо махлуқи муколамаем, тоҷике ки дар қаҳраш ҳам самимист ва ҳам дӯстиаш. Ин ҳамзабонҳо бошанд, чокару навкари пул сарватанд ва фанду фиребанд, агар бинӣ иҷозат диҳад, чашм чашми дигарро мефиребад. Дар ин вилояти фақеҳ сад сол бизиӣ, даратро касе намекушояд. Фардгароӣ дарди ин ҷомеа аст. Дар Истравшани бостонӣ, ҳамсоя бе иҷозат ба хона меояд, каҷпаҳлу мезанад, бо самимият сухан мегӯяд. Чойи аловӣ чӣ маззае дорад. Хонаи падарӣ аҷаб гуворост, онро ёд кардам…, афтону ғалтон садо мебарорад Юнус.
Гуфтагӣ барин, Юнус Бурҳонов ҳатто рӯзҳои наздик ба миллат муроҷиат мекардааст, ватандӯстиро ба намоиш мегузоштааст, ба ин гуна: Ба ҳамтаборонам дилам гум мезанад. Тоҷик дили бузург дорад, каҷфаҳмие аз банда агар мабодо содир шуда бошад, раво дониста шуд, яқин медонам бахшида мешавам. Ман касеро накуштаам. Ин аст, кайфияти зиндагӣ. Дуо кунед дӯстон! Ин моҷароҳо дар дилам зад.Бас аст санги маломат ба ҳамватан задан.
Сиёсатмадор касеро ном мебаранд, ки дар масъалаи сиёсат ҳамеша муваффақ аст ва дар таъмини амнияту субот ва беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии миллати хеш саҳмгузор мебошад. Ҳамчунин, матбуот ниҳодест, ки ҳамеша аз манфиатҳои миллӣ ва давлатдории Ватани хеш, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷи кишвараш, ҳимоят мекунад. Ҳайҳот, ин таъриф ва мафҳуми ноб мутаассифона ва сад афсӯс аз ҷониби афроде ки мазҳаби падариро фурӯхтанд, ба ҳайси меҳмони туфайливу нохонда, бар арикаи пушти дарвозаи шайхеву ҳазрате такя задаанд, қобили фаҳм ва дарк нест.
Ватандорӣ бошад ин аст:

Тоҷикистонам чароғон мешавад,
Манбаи нури фаровон мешавад,
Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,
Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

На ватанфурӯшие, ки ватандӯстро мисли кӯр «чоплус» унвон мекунад. Русҳо зарбулмасали хуб доранд, ки таҳтуллафзӣ ин тавр баён мешавад: «ҳар қадар банди ресмон начархад, ҳатман интиҳои он маълум аст» (Сколько верёвочке не выться, всё равно будет конец»).

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ