​Беватанро саг ҳам намегазад ?!

Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар олам ҳудуд надораду давлатдорон кӯшиш доранд, ки бо роҳу воситаҳои гуногун мардуми худро аз ин офати ногаҳонӣ эмин нигоҳ доранд. Хусусан, мардуми Аврупо аз ин хатар дар таҳлукаанд ва дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҷомеа маҳдудиятҳо ҷорӣ кардаанд. Дар ин радиф ҳангомае, ки Додоҷони Атовулло рӯи қоғаз овардааст, хеле ҳақиқатангезу рафтори масхарабозонро зоҳиран баён кардааст. Рӯзноманигорони бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” дар Прага он турфаи ҳангомабозонанд, ки пешаашон дурӯғбофию фиребгарию бӯҳтонсозӣ шудаасту ҳамавақт шӯробаи беватанӣ нӯшида худобехабариашон аз рафтору гуфторашон ҳувайдост. Гарчанде, ки бо маблағҳои хоҷагони хориҷии худ қути лоямуте меёбанд аз хӯрдагирию кинаҷӯӣ нисбати миллату ватани худ дигар ҳунаре надоранд. То ба ҷое имони худро фурӯхтаанд, ки агар пагоҳ сармоягузорашон онҳоро фармон диҳад, ки “ба тӯдаи ЛГБТ шомил шаведу тарафдорӣ намоед” бечунучаро ин фармонро иҷро хоҳанд кард. Бешармию бевиҷдонӣ, палидию разолат, ҷаҳолату беномусӣ дар замири онҳост, ки дур аз Ватани аҷдодӣ ҳатто хешу табори худро баҳри маблағҳои ҳамгуфт фаромӯш кардаанд.

Тамасхуру кинояҳои Дадоҷони Атовулло, ки дар шабакаи Интернет нисбати рафтору кирдори ҳайвосифатонаи ин афрод дар лаҳзаҳои ҳассос ҷой гирифтааст, хеле мароқангез аст. Зеро, ин инъикоси воқеибинонаи рафтори муртадони ватангадо ва чоплусии онҳост, ки чун бӯқаламун вобаста ба вазъияти тез-тез рангу атвори худро дигар мекунанд. Хислати ҳайвононаи ин палидон дар он зоҳир гаштааст, ки орияту номус надоранду чун зоча дастнигару тобеи дастурҳои хоҷагони иблиси хориҷианд. Дар ҳаҷвияи Дадоҷони Атовулло хеле хуб тасвир ёфтааст, ки онони разилу нопок омодаанд пойи трампиёнро бӯсанду ҳаргиз аз ин амал шармашон наояд.

Офаридгори бузург ориятро ба инсон арзонӣ дошта, хостааст, ки беҳтарин сифатҳои инсониро шахсиятҳое соҳиб бошанд, ки меҳану ватанпарастӣ дар хуну ирсияти онҳост. Ва баръакс, нафарони чоплуси чун бӯқаламуни хазанда олуда дар наҷосот бошанд ҳам, худ бехабаранд, чун ҳисси орияту номус ононро бегона будааст.

Нафрати халқи мутамаддини Тоҷикистони соҳибистиқлол

баин муртадони радди маърака!!!

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ”Донишгоҳи

давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дотсент, Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ